ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ТОҶИКИСТОНРО ЗАМИНЛАРЗАИ САХТИ ҚАРИБ 6-БАЛЛӢ ТАКОН ДОД

Шоми 5 январи соли 2023, соати 19:25 ба вақти Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар як заминларзаи сангин рух додааст. Бино ба иттилои марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ, маркази ин офати табиӣ дар қаламрави вилояти Бадахшон дар 47-километрии ҷанубу ғарби маркази вулусволии Ҷирм ҷойгир шуда, иқтидори заминларза дар марказаш тибқи ҷадвали Рихтер, 5,9 баллро ташкил додааст. Бино ба арзёбии ин марказҳои зилзиланигорӣ, замин дар умқи 193 километр чунин сахт ларзидааст.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  шоми 5 январ бо такя ба маълумоти Пажуҳишгоҳи геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оати 19:25 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудани заминларза ва дар қаламрави Афғонистон, дар 256-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ҷойгир шудани маркази ин офатро тасдиқ кард, вале гуфт, қувваи зилзила дар маркази он 5 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, бар асари ин заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки даҳҳо нафар аз сокинони Тоҷикистон шоми 5 январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хеле сахт ларзидани замин дар Душанбе, Ҳисор, Кӯлоб, Бохтар ва дигар гӯшаҳои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ  дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 4 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд,  дар як моҳи охир 21 заминларза ва дар як соли охир 204 заминларзаро сабт кардаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт (Қаротегин) дар шарқи Тоҷикистон 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод, аксаран кӯдакон, ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button