ВидеоТоҷикистон

ТАҒЙИРОТИ КАДРИИ РӮЗИ 5 ЯНВАР: НОМ БА НОМ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 январи соли 2023 бо имзои чанд фармону амр ва қарорҳои ҳукумат дар ҳайъати ҳукуматаш як силсила тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Аз ҷумла Қурбон Ҳакимзода аз вазифаи раиси вилояти Хатлон озод карда шуда ва ба ҷои Саъдӣ Каримзода вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин шуд.  Ба кадом “вазифаи дигар” гузаштани Саъдӣ Каримзода гуфта нашудааст. Давлаталӣ Саид аз мақоми муовини аввали сарвазир озод карда шуда, ба ҷои Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон таъйин шуд.

Ҳамин тавр, Гулнора Ҳасанзода аз вазифаи мудири Агентии омор озод гардида, ба ҷои Ширин Амонзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъйин шуд. Ҳамзамон бо қарорҳои ҳукумат Абдуғаффор Раҳмонзода аз мақоми муовини аввали вазири меҳнат ва Нурулло Маҳмадуллозода аз мақоми муовини вазири меҳнат озод карда шуданд.  Шарҳ дода нашудааст, ки Ширин Амонзода ва ин ду муовинаш ба кадом “вазифаи дигар” гузаштанд?

Ба ҷои Ҳасанзода бо фармони президент Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси собиқи Бонки миллӣ, ба мақоми мудири Агентии омор таъйин гардид. Ҳамзамон бо амрҳои президент, Шодмон Шокирзода ба сабаби ба нафақа рафтан аз мақоми муовини аввали мудири Агентии омор озод карда шуда, ба ҷои ӯ ба ин мақом Асо Нурулло Асват таъйин карда шуд.

Бо фармони президент ҳамчунин Зафарбек Давлатзода аз вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, бузургтарин ноҳияи ин вилоят ва Тоҷикистон озод карда шуд. Ӯ билофосила ба ҷои Холмурод Раҳмон директори Агентии беҳдошти замин
ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Ба чӣ “вазифаи дигар” таъйин шудани Холмурод Раҳмон гуфта нашудааст.

Вале Сироҷиддинзода Баҳриддин аз вазифаи муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин озод карда шуда, раҳбари Агентии содироти ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуд. Раҳбари собиқии ин Агентӣ Шавкат Бобозода моҳи сентябр бо ҷурми тамаъҷӯӣ ба маблағи як миллион сомонӣ аз як ширкати хориҷӣ ба ҳабс гирифта шудааст. 

Ба ҷои Маҳмасаид Зувайдзода, ки аз дунё гузашт, Низом Мирзозода раиси нави Агентии сохтмон ва меъморӣ таъйин шуд. Низом Мирзозода то кунун муовини раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии
Тоҷикистон озод намудани Саид Давлаталӣ

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Саид Давлаталӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 январи соли 2023
№487

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Каримзода С.Ғ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Каримзода Саъдӣ Ғафор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 январи соли 2023
№488

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Амонзода Ш.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Амонзода Ширин Шодӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 январи соли 2023
№489

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси вилояти Хатлон
озод намудани Ҳакимзода Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҳакимзода Қурбон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 январи соли 2023
№490

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии омори назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҳасанзода Г. К.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 январи соли 2023
№491

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи
Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
озод намудани Давлатзода З.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Давлатзода Зафарбек бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 январи соли 2023
№492

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҳакимзода Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ҳакимзода Қурбон вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 январи соли 2023
№493

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҳасанзода Г.К.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ҳасанзода Гулнора Кенҷа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 январи соли 2023
№494

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон
таъин намудани Саид Давлаталӣ

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Саид Давлаталӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 январи соли 2023
№495

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи директори Агентии омори
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Нурмаҳмадзода Ҷ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Нурмаҳмадзода Ҷамшед директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 январи соли 2023
№496

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шокирзода Шодмон Шариф бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 январи соли 2023
№АП-319

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Асо Нурулло Асват муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 январи соли 2023
№АП-320

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 январи соли 2023 №1
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Зувайдзода М.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд бо сабаби вафот аз вазифаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 январи соли 2023 №2
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии беҳдошти замин
ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Холмурод Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Холмурод Раҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 январи соли 2023 №3

ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми директори Агентии беҳдошти
замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Сироҷиддинзода Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сироҷиддинзода Баҳриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 январи соли 2023 №4
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми вазири меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Раҳмонзода А.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳмонзода Абдуғаффор Азиз бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 январи соли 2023 №5

ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Маҳмадуллозода Н.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 январи соли 2023 №6
ш. Душанбе

Дар бораи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Мирзозода Н.Ю.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Мирзозода Низом Юсуфӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 январи соли 2023 №7

ш. Душанбе

Дар бораи директори Агентии беҳдошти замин
ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Давлатзода З.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Давлатзода Зафарбек директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 январи соли 2023 №8
ш. Душанбе

Дар бораи директори Агентии содироти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Сироҷиддинзода Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сироҷиддинзода Баҳриддин директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button