ВидеоМуҳоҷиронЧеҳраҳо

ОҒОЗИ МАВСИМИ НАВИ ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: ШИРИН АМОНЗОДА АЗ ВАЗИФАИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ ОЗОД КАРДА ШУД

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз вазифа озод карда шуд. Дар ин хусус, як манбаъ аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Маълум нест, ки Ширин Амонзода ба вазифаи дигар таъйин шудааст ё не ва инчунин, маълум нест, ки ба курсии вазири меҳнат кӣ нишастааст.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” хабарҳо дар бораи тағйироти кадриро тасдиқ кард, вале гуфт, “ҳоло расман фармонҳоро ба даст нагирифтем ва аз ин рӯ, мушаххасан чизе гуфта наметавонем”.

Ӯ иброз дошт, ки баъди зуҳри имрӯз фармонҳо дар хусуси тағйироти кадриро дастрас ва дар сомонаи расмии президент интишор менамоянд.

Интизор меравад, ки дар баробари Ширин Амонзода, ҳамчунин чанд мансабдори дигар низ аз вазифа озод ва чандеи дигар ба вазифаҳои нав таъйин шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Ширин Амонзода соли 2020 ба курсии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон нишаст ва яке аз кадрҳои ҷавон ва ояндадори ҳукумат гуфта мешуд.

Ӯ қаблан дар вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон кор карда, дар курсии вазирӣ Гулрӯ Ҷабборзодаро иваз намуд.

Дар хусуси тағйироти кадрӣ тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.

Манбаъ: “Азия Плюс”

Амонзода Ширин Шодӣ 5 феврали соли 1978 дар Душанбе ба дунё омада, соли 1999 Донишгоҳи омӯзгории Душанбе ва соли 2016 Донишгоҳи Ритсумейкани Минтақаи Уқёнуси Ором (APU) дар шаҳри Беппуи Чопонро хатм кардааст. Ихтисоси аввалаш – забонҳои англисиву фаронсавӣ ва ихтисоси дуюмаш ҳамкориҳои сиёсии байналмилалист. Соли 2004 соҳиби унвони номзади илмҳои филологӣ гардида, соли 2008 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техникаро ба даст овардааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Ширин Амонзода соли 1999 собиқаи кориашро дар  дар кафедраи методикаи таълими забони хориҷии Донишгоҳи омӯзгорӣ шурӯъ карда, солҳои 1999–2001 аспиранти ин донишгоҳ буд ва солҳои 2001–2002 дар Созмони Байналмилалии Муҳоҷирати СММ, 2002–2004 дар Кумитаи Шветсиягӣ оид ба Афғонистон, соли 2004 дар Комиссариати олии кор бо паноҳандагони СММ, соли 2005 дар Намоишгоҳи Байналмилалии ЭКСПО–2005 дар Ҷопон ва аз соли 2006 то 2016 дар Раёсати робитаҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, ҳамзамон дар кафедраи типологияи муқоисавӣ ва забони англисии факултети забони англисии Донишгоҳи омӯзгорӣ дарс медод.

Соли 2016 Ширин Амонзода барои таҳсил ба Ҷопон рафт. Баъди бозгашт аз таҳсил дар соли 2017 муовини раиси кумитаи рушди сайёҳӣ таъйин шуд.

Моҳи январи соли 2020 Ширин Амонзода раиси кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ва 3 ноябри соли 2020 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъйин шуд.

Ширин Амонзода муаллифи чанд мақолаи илмӣ ва як монография буда, асосан ба таҳқиқи масоили равобити адабиёти тоҷик бо адабиёти ғарб, бахусус адабиёти англис машғул мебошад.

Ширин Амонзода зимнан аз ангуштшумор аъзои ҳукумати Тоҷикистон аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол аст.

Ширин Амонзода, ҷавонтарин узви ҳукумати Тоҷикистон, ки 3 ноябри соли 2020 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъйин шуд, баъди таъйин шуданаш ба ин мақом ба сари гӯри модараш рафта, қасам ёд карда буд, ки дар ин мақом ҳалолу содиқона ба Ватан ва ба мардум хидмат хоҳад кард.

“Ин рӯзи таъинот ба рӯзи зодрӯзи модари деҳотии шаҳрнишинам (равонаш шод боду бихишти барин маъвояш) иттифоқ афтод, ки дар тарбия ва донишомӯзии ман саҳми бориз дошт. Нафаре буд дар ҳаётам хеле азиз, чунки тамоми хислатҳои неки инсониро доро буд ва мо фарзандонро дар ин руҳияиву муҳит ба воя расонидааст. Бо он ки як кӯҳистонзода буд, зани порсосифату буду подшоҳҳиммат, ғурурафкану боҷуръату пурҳиммат ва бо ин хама ниҳоят хоксор, самимӣ ва заминӣ буд. Волидони равоншодам ҳамеша талкин мекарданд, ки меҳнати ҳалолу содиқона ба мардум дар ҳисобу инобат аст. Вазифа ва мансаб пеш аз ҳама масъулият, ҷиддият ва иштирок дар инкишоф аст, хизмати ҳалолу содиқона аст”, – навишта буд Ширин Амонзода дар саҳифааш дар Фейсбук.

Амонзода аз вазирҳои хушноми тоҷик ба шумор мерафт ва бо ташаббусҳое, чун рафтан ба мардикорбозори занон барои суҳбати рӯбарӯ бо занони мардикор, эҳтирому муҳаббати мардумро ба даст оварда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button