ВидеоСиёсатТоҷикистон

КӢ ЧӢ МАНСАБ ГИРИФТ? ВАЗИФАҲОИ НАВИ ҲАСАНЗОДАВУ НУРМУҲАММАДЗОДА ВА ҲАКИМЗОДАВУ ДАВЛАТАЛӢ САИД

Бино ба хабарҳои расида, рӯзи 5 январи соли 2023 Гулнора Ҳасанзода, ки то кунун раҳбарии Агентии оморро бар уҳда дошт, ба кормандони вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба ҳайси вазири нав муаррифӣ шудааст. Гулнора Ҳасанзода дар ин мақом Ширин Амонзодаро, ки аз моҳи ноябри соли 2020 муддати ду солу ду моҳ вазир буд, иваз кард.

Ба ҷои Ҳасанзода Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ба кормандони Агентии омор ба ҳайси раҳбари нави ин идора муаррифӣ шудааст. Нурмуҳаммадзода дар гузашта раиси “Амонатбонк” ва чандин сол раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд. Ӯ моҳи ноябри соли 2020 аз ин мақом рафт.

Ҳамчунин рӯзи 5 январи соли 2022 Қурбон Ҳакимзода ба кормандони дастгоҳи вазорати кишоварзӣ ба ҳайси вазири нави кишоварзӣ муаррифӣ шуд. Ҳакимзода то кунун раиси вилояти Хатлон буд. Ба ҷои Ҳакимзода ба мақоми раиси бузургтарин вилояти Тоҷикистон Давлаталӣ Саид таъйин шудааст. Давлаталӣ Саид, ки аз хешовандони наздики президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, то кунун дар мақоми муовини аввали сарвазири Тоҷикистон кор мекард.

Ҳамин тавр, рӯзи 5 январ Баҳриддин Сироҷиддинзода директори нави Агентии содирот таъин шудааст. Сироҷиддинзода дар гузашта директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ва аз соли 2020 муовини аввали раиси Агентии замин ва объёрии Тоҷикистон буд.

Раҳбари собиқи Агентии содиротии Тоҷикистон Шавкат Бобозода моҳи сентябри соли 2022 бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва гирифтани як миллион сомонӣ аз як ширкати хориҷӣ боздошт шуда буд.

Аз дастгоҳи президент хабарҳо дар бораи дар роҳ будани боз як силсила тағйироти кадрӣ ба гӯш мерасанд. Вале расман фармони ин таъйиноти кадрӣ ҳанӯз нашр нашудааст.  Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент гуфтааст, ки матни фармонҳо дар бораи тағйироти кадрӣ нимаи дуюми рӯзи 5 ярнвар дар сомонаи расмии президент нашр хоҳанд шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button