Хабарҳои кӯтоҳ

ҶАВОНИ ТОҶИК ҶИПИ “ЛЕКСУС”-РО БО ҲАВАСИ САВОРӢ ДУЗДИДУ 35 ҲАЗОР СОМОНӢ СӮХТ

Ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ба он айбдор мешавад, ки субҳи 18 декабр, соати 09:00 мошини гаронбаҳои тамғаи “Лексус-RX”-и як сокини ноҳияи Рӯдакиро дуздид, вале дар шаҳри Ваҳдат дучори садама шуд. Зарари расонидашуда 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

хххххххххххххххххх

Навраси 17-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров  ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 20 декабр, соати 12 аз зонаи як зани сокини ин ноҳия 27 ҳазору 580 сомонӣ ва 50 ҳазор рубли русиро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 05.01.2023

Ошкор шудани дуздии маблағ аз хонаи истиқоматӣ

74a44dcac53dc9d507d7c9d549fbebb0

Ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров бо ариза зани 40-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми декабри соли 2022, тахминан соати 13:00, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш 27 ҳазору 580 сомонӣ ва 50 ҳазор рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 17-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт бидуни мақсади тасарруф

093

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 18-уми декабри соли 2022, тахминан соати 09:00, ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо тариқи пинҳонӣ автомашинаи тамғаи “Лексус-RX”-ро, ки дар назди манзили истиқоматиаш беназорат меистод, ғайриқонунӣ гирифта ҳай карда, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат ба садама дучор шудааст.
Зарари расонидашуда 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button