ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ХУЛОСАИ ТАҲҚИҚИ ЭЪТИРОЗҲОИ ХУНИНИ ҚАЗОҚИСТОН: ИН КӮШИШИ ТАБАДДУЛОТИ ДАВЛАТӢ АЗ ҶОНИБИ РОҲБАРОНИ КУМИТАИ АМНИЯТ БУД

Прокурори генералӣ, ё додситони кулли Қазоқистон Берик Асилов рӯзи 5 январи соли 2023, дар солгарди аввали эътирозҳои хунини ин кишвар, ки беш аз 200 кушта ба ҷо гузошт, аз анҷом ёфтани раванди тафтиши нооромиҳои моҳи январи соли 2022 хабар дод. Ӯ афзуд, ки “ҳодисаҳои январӣ як фоҷиаи миллии бузурге буд, ки ҳамаро ба даҳшат оварда, барои мо сабақи муҳиме гардид. То имрӯз дар ҷараёни баррасии ин ҳодиса, тафтишотгарон хронологияи ҳодисаҳои январиро пурра барқарор намуда, дар рафти он созмондиҳандагони асосӣ, аз ҷумла ҷинояткорон ва даст доштани мансабдорони баландпояи ҳукуматиро муайян намуданд”.

Асилов  таъкид кард, ки “то ҳол ҷустуҷӯт силоҳҳои гумшуда идома дорад ва мо низ кормандони давлатие, ки дар рафти ошӯб манфиатҳои миллиро ба эътибор нагирифта, ба ҳукумат хиёнат карданд ва амнияти шаҳрвандони кишварро ба хатар гузоштанд, ба ҷавобгарӣ кашида истодаем”. Ӯ инчунин аз мушаххас гардидани ҳуввияти қариб ҳамаи кушташудагони ошӯб ва сабаби марги онҳо низ гуфт.

Дар ин суханронии худ додситони кул даст доштани собиқ раиси кумитаи амнияти миллии Қазоқистон (КНБ, КАМ) Карим Масимовро дар ҳаводиси як соли пеш тасдиқ намуд. Ӯ гуфт: “Пас аз ба баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи собиқ раиси КАМ, ҳоло мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин амалиёти бесарусомони назоратшаванда бодиққат, пешакӣ ба нақша гирифта шуда, ҳадаф барканор кардани роҳбарияти олии кишвар буд. Парвандаҳои ҷиноии Карим Масимов собиқ раиси КАМ ва ҷонишини ӯ Содиқулов дар баррасии додгоҳ идома дорад. Онҳо ба ҷурми хиёнат ба давлат, ғасби маҷбурииҳокимият ва сӯистифода аз мақом айбдор ҳастанд”.

Ӯ инчунин гуфт, ки қариб дар тӯли тамоми соли 2021 КАМ ба ин амалиёт тайёрӣ дида, ҳатто мақомоти истихбороти кишварҳои хориҷиро низ ҷалб кардааст.

Собиқ вазири мудофиаи Қазоқистон Бектонов низ дар ин ҳаводис айбдор дониста мешавад. Бино ба гуфтаи додситони кул, “Бектонов зимни ин амалиёт фармонҳои ғайриқонунӣ дода, иншоотҳои стратегии ҳарбиро бе муҳофизат гузошт ва барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар кишвар чорае наандешид”.

Даст доштани “Дикий Арман”, як нафари пурнуфузи олами ҷиноӣ дар ҳаводиси хунини январи соли 2022 низ яке аз муҳимтарин нуктаҳо дар суханрониидодситони кулли Қазоқистон аст. Бино ба гуфти ӯ, “Дикий Арман бо фармони сарпараст ё куратораш аз Кумитаи амнияти миллӣ ошӯбро дар шаҳри Алмаато роҳбарӣ намудааст. “Ба мо муайян гардид, ки Дикий Арман таҳти ҳамоҳангии куратори КДАМ амал карда, дар Алмаато ошӯбро ташкил намуда роҳбарӣ низ кардааст. Ва ҳатто барои ба ҳукумат барои зарбулаҷал (ултиматум) гузоштан кӯшиши сохтани як “шӯрои мардумӣ” низ кардааст, ки ба ӯ вакилони шаҳрӣ ва роҳбари гурӯҳи ҷиноӣ шахсе бо номи Махатов кӯмак кардаанд”,  – гуфт Асилов.

Ба гуфти ӯ, қариб ҳамаи ҳайати шахсии департаменти кумитаи амният дар Алмаато, вилояти Алмаато ва вилояти Қизилорда бинои КАМ-ро бо фармони Масимов тарк карда, чорае барои муҳофизати бино наандешидаанд: “Дар натиҷаи ин беаҳамиятии онҳо қариб 3 ҳазор яроқҳои гуногун, мисли автомат, снайпер, таппонча ва миқдори зиёди тир ба дасти ошӯбгарон афтод”.

То ба ҳол мақомоти дахлдор нисбати 720 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд, ки аз ин шумор 25 нафарро бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ, 42 нафарро бо ҷурми ширкат ба гурӯҳҳои ҷиноӣ, 8 нафарро бо ҷурми пайравӣ ба гурӯҳҳои динии террористӣ боздошт кардаанд. 

Илова бар ин Асилов аз иштирок ва боздошти шаҳрвандони хориҷӣ дар ин ошӯбҳо низ гуфт ва афзуд, дар миёни нафарони бо ҷурми иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ ҳабсшуда шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Русия низ  ҳастанд.

Дар умум дар нооромиҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон  238 нафар ҷони худро аз даст дода, беш аз 4 ҳазори дигар захмӣ шуданд. Додситони кул гуфт, аз ҳама зиёд дар шаҳри Алма-Ато 151 нафар, дар Қизил-Ӯрда 26 нафар, дар Шимкент 20 нафар ва  дар Тароз  17 нафар ҷон бохтаанд.

Эътирозҳо дар Қазоқистон санаи 2-юми январи соли 2022 дар пайи  якбора қиммат шудани нархи гази моеъ оғоз ёфт. Ин эътирозҳо бо номҳо “Январи хунин” ва “Ҳодисаҳои январӣ” ва дар худи Қазоқистон бо номи “Қантар” маъруфанд. Нооромиҳо то санаи  19-уми январ давом кард ва барои фурӯ нишондани онҳо ҳатто нирӯҳои ОДКБ ба Қазоқистон дароварда шуданд.

 Мақомоти Тоҷикистон то кунун ба иддаои додситони кулли Қазоқистон дар бораи иштироки шаҳрвандони тоҷик дар эътирозҳои Қазоқистон вокуниш накардаанд. Вале вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон пас аз иддаои додситони олии Қазоқистон, даст доштан ва иштироки шаҳрвандони  худро бе асос донист, таъкид намуд, ки “ягон шаҳрванди Қирғизистон на дар гирдиҳамоиҳо ва на дар задухӯрду ғоратгариҳои ҳодисаҳои хунини январӣ иштирок накардаанд’.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button