Хабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ 101 САР ЧОРВОИ ХУРД АЗ ЯК БОШИШГОҲ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 25 декабри соли 2022 аз ошкор шудани дуздии 101 сар чорвои хурд дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар ҷануби ҷумҳурӣ хабар  дод.

Бино ба ин манбаъ, ба шуъбаи милитсияи ноҳияи Қубодиён бо ариза марди 70-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 16-уми декабри соли 2022, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз бошишгоҳи муваққатиаш 101 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 98 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
ВКД гуфт, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба марди дастгиршуда бар асоси қисми сеюми моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои дуздӣ ба маблағи хеле бузург ҳамчун ҷазо аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дуздӣ яке аз ҷиноятҳои аз ҳама роиҷ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, тақрибан чоряки тамоми ҷиноятҳои дар кишвар содиршударо ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар нимаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 2858 ҷинояти дуздӣ сабт шудааст. Дар ҳамин давраи як соли қабл дар ҷумҳурӣ 3566 ҷинояти дуздӣ сабт шуда буд.

Вале ба бовари бисёриҳо, шумораи воқеии ҷиноятҳои дуздӣ хеле бештар аз ин рақамҳои расмист. Дар бисёр мавридҳо онҳое, ки ҳадафи дуздӣ қарор мегиранд, ба мақомот муроҷиат намекунанд. Мавридҳое ҳам ҳаст, ки ба гуфтаи сокинон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хотири зиёд нашудани шумораи ҷиноятҳои нокушода шикоятҳои шаҳрвандонро дар мавриди дуздидану молу пулашон  сабт намекунанд.

Моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дуздӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 500 то  2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробари 64 сомонӣ, ё ҳудуди 6 доллари амрикоист) ваё ҳукми зиндон ба муҳлати аз чанд моҳ то 12 солро пешбинӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button