ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАР ВИЛОЯТИ САМАРҚАНД 15 КӮДАК ДАР ПАЙИ ИСТЕЪМОЛИ ДОРУИ “ДОК-1 МАКС” ҶОН ДОДААНД

Бино ба хабарҳои расида, тайи ду моҳи охир дар вилояти Самарқанди Ӯзбккистон аҳволи 21 кӯдак дар пайи истеъмоли ҳабу афшура (таблетка ва сироп) -и  доруи истеҳсоли Ҳиндустон бо номи “Док-1 Макс” бад шуда, аз ин шумор 15 нафараш ҷон бохтаанд. Ҳоло тафтишот бояд маълум кунад, ки оё сабабгори марги ин кӯдакон доруи истеҳсоли Ҳиндустон буд ё чизи дигар? Дар ҳар сурат, то анҷоми ин тафтишот фурӯши доруҳои “Док-1 Макс” дар Ӯзбекистон аз рӯзи 22 декабри соли 2022 комилан манъ карда шудааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ акс ва матни номаи мудири Маркази тиббии кӯдакони вилояти Самарқанд М.Қ.Азизов ба номи сардори раёсати тандурустии ин вилоят Д.Ҳ.Ҷумъаниёзов нашр шудааст, ки дар он ҳодисаҳои марги кӯдакон дар пайи истеъмоли ҳабу афшураи “Док-1 Макс”  бо маззаи асалу лимӯ тасдиқ карда мешавад. Дар ин мактуб аз таърихи 15 декабри соли 2022 гуфта мешавад, ки  дар шароити паҳншавии бемориҳои зукому сармохӯрдагӣ табибони вилоят “беш аз ҳад” ин доруи ҳиндиро барои кӯдакон ва волидони онҳо тавсия медиҳанд, вале дар пайи истеъмоли он чандин кӯдак бо аломатҳои хароб шудани гурдаҳояшон ба бемористон оварда шудаанд.

Дар умум, бино ба ин нома 21 кӯдакро ба бемористон овардаанд, ки вазхи 17 нафари онҳо ба сабаби ба хичакашон наомадани пешоб вазнин буд ва 15 кӯдак ҷон доданд.

Азизов менависад, ки онҳо маҷбур шудаанд, ки кӯдакони беморро аз ҷумла бо истифода аз гемодиализ табобат кунанд.

Дар вазорати тандурустии Ӯзбекистон тасдиқ кардаанд, ки ин нома воқеъият дорад.

Рӯзи 22 декабр ин вазорат дар каналаш дар Телеграм бо такя ба Агентии рушди соҳаи ташхиси дорусозӣ  хабар дод, ки барои таҳқиқи вазъ ва сабабҳои бад шудани аҳволи беморон як гуруҳи фаврӣ аз ҳисоби мутахассисон таъсис дода шудааст. Ба ин гуруҳ намояндагони Агентӣ ва Маркази давлатии ташхиси дорувор ва техникаи тиббӣ шомил гардида, онҳо ба ташхиси доруҳои”Док-1 Макс” бо маззаи асал ва лимӯ, ки ширкати ҳиндии “Marion Biotech” истеҳсол мекунад ва дар дорухонаҳои Самарқанд фурӯхта мешуданд, шурӯъ кардааст. Аз 22 декабр фурӯши ин дорувор дар саросари Ӯзбекистон манъ карда шуда, ширкати “Quramax Medical”, ки масъулияти фурӯши онро дар даст дошт, дар ин бора ба истеҳсолкунандааш дар Ҳиндустон хабар додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button