ВидеоМуҳоҷирон

ДАР РУСИЯ НИКОҲИ БОЗ ЯК МАРДИ ТОҶИКРО БО ЗАНИ РУСАШ ҚАЛБАКӢ БАРОВАРДАНД

Додгоҳи ноҳияи Осаи кишвари Перми Русия ақди никоҳи як зани маҳаллии 32-сола бо шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистонро, ки дар аввали соли 2021 издивоҷ карда буданд, қалбакӣ бароварда, бекор кардааст. Дар ин бора рӯзи 20 декабри соли  2022 додситонии кишвари Перм хабар дод.

Худи ин зану шавҳар барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи додситонӣ, ки додгоҳи Оса ҳам аз он пуштибонӣ кардааст, ин зану шавҳар бо якдигар амалан зиндагӣ намекарданд ва хоҷагии муштарак надоштанд. Додситонӣ иддао дорад, ки зан барои ақди никоҳ аз ин марди тоҷик пул гирифтааст ва танҳо ҳадаф аз ин ақди никоҳ фароҳам овардани шароит барои будубоши марди тоҷик дар Русия буд.

Ба ин далел, додситонӣ аз додгоҳ хост, ки ақди никоҳи ин марди тоҷикро бекор кунад. Додгоҳ ин дархостро пазируфт. Ҳукми додгоҳ алакай ба иҷро даромадааст.

Ноҳияи Оса дар соҳили дарёи Кама, яке аз бузургтарин шохобҳои дарёи Волга, дар 140-километрии ҷануби шаҳри Перм ва 240-километрии шимолушарқи шаҳри Ижевск ҷойгир шудааст. Аз инҷо то Маскав, пойтахти Русия наздики 1500 километр ва то Душанбе, пойтахти Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор километр роҳ аст.

Ин нахустин мавриди ба ақди никоҳҳои қалбакӣ айбдор шудани зодагони Тоҷикистон дар Русия нест. Муҳоҷирони зиёде дар Русия ба хотири бо роҳи осонтар ба даст овардани ҳаққи иқомат ва дар оянда ба даст овардани шаҳрвандии Русия аз никоҳ бо сокинони Русия, аз ҷумла аз никоҳҳои қалбакӣ истифода мебаранд. Дар ин авохир додгоҳҳои Русия  даҳҳо никоҳи шаҳрвандони Русия бо муҳоҷирони хориҷиро қалбакӣ дониста, бекор кардаанд.

Танҳо дар соли 2021 беш аз 103 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шуда, дар нимаи аввали соли 2022 боз 74 ҳазор нафари дигар аз тоҷикистониҳо шаҳрвандии худро ба русӣ иваз карданд. Дар умум, аз аввали асли 21 алакай тақрибан як миллон нафар аз зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд. Ҳазорон нафари онҳо аз тариқи издивоҷ бо сокинони Русия тавонистаанд соҳиби шаҳрвандии ин кишвар шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button