ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

УЛФАТХОНИМ МАМАДШОЕВА БА 21 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи олии Тоҷикистон Улфатхоним Мамадшоева, фаъоли ҷомиаи шаҳрвандӣ ва журналисти зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба 21-соли зиндон маҳкум кардааст. Афроди огоҳ аз парванда рӯзи 9-уми декабри соли 2022 ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ҳукми додгоҳ аввали ҳамин ҳафта содир шудааст, вале ҷузъиёти дигаре надоданд. Додгоҳи олӣ ҳам  то кунун ягон иттилоияе дар бораи ҳукми Улфатхоним Мамадшоева нашр накардааст.

Улфатхоним Мамадшоева ба ҷиноятҳои гуногун? аз ҷумла “даъват ба сарнагунии ҳукумат” муттаҳам мешуд, ҳарчанд худаш пеш аз боздошт гуфта буд, ки ҳеч кори ғайриқонуние накардааст.

Улфатхоним Мамадшоева, раҳбари созмони “Инсоф ва номус” ва устоди собиқи Донишгоҳи славянӣ, ки 65 сол дорад, субҳи 18 май, билофосила баъди оғози амалиёти ҳарбӣ ба зидди эътирозгарони Рӯшон,  дар манзилаш дар Душанбе дастгир шуд.

Ҳамсари собиқи ӯ  генерал Холбаш Холбашев, ки 57 сол дорад ва дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз фармондеҳони нирӯҳои мухолифин буд, худи ҳамон рӯз дар марзи Исфара вақте дастгир шуд, ки бо як сафари хидматӣ  дар ҷамоати Ворух қарор дошт. Ӯро аз Ворух пас фаро хонданд ва баробари аз марз ворид шуданаш ба дасташ завлона зада, ба Душанбе оварданд.

Рӯзи 24 май дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон филми мустанаде бо номи “Шикасти фитна” намоиш дода шуд, ки дар он Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашев даст доштани худ дар ташкили эътирозҳои Бадахшон ва барои ин аз хориҷ пул гирифтанашонро эътироф мекарданд.  Муаллифони филм ҳамин тавр, Мамадшоеваро ба додани маълумот ба мақомоти вижаи як кишвари ғарбӣ айбдор карда, сабти лаҳзаи мулоқоти ӯ бо кормандони як сафоратро дар як қаҳвахона дар маркази Душанбе низ нашр карданд.

Дар он филм аз ҷумла гуфта мешуд, ки гӯё Алим Шерзамонов, як сиёсатмадори мухолифи зодаи Бадахшон, ки дар Аврупо ба сар мебарад, барои ташкили эътирозҳо дар Хоруғ ба Боқир 7 ҳазор доллар ва барои ташкили эътирозҳо дар Рӯшон ба Холбаш 6 ҳазор доллар фиристодааст. Дар чӣ шароите ин иттиҳомро ба дӯш гирифтани Мамадшоева ва Холбашев маълум нест, вале Шерзамонов ин иттиҳомро қатъиян рад мекунад.

Холбашев ва Мамадшоева низ баъдан дар додгоҳ изҳор доштанд, ки ин “эътирофи гуноҳ” аз онҳо бо роҳи фишор гирифта шуда буд. Холбашев чанде пеш аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳабси умрбод маҳкум шуд.

Боздошти Мамадшоева, Холбашев ва ҳудуди 200 тани дигар аз зодагони Бадахшон дар пайи бо истифода аз нирӯву силоҳ саркӯб кардани мавҷи нави эътирозҳо дар ин вилояти мухтори воқеъ дар шарқи Тоҷикистон сурат гирифт.  

Чанд созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи амрикоии дифоъ аз журналистон, раҳоии Улфатхоним Мамадшоева ва дигар журналистону блогерҳои помириро талаб кардаанд. Ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ, иттиҳомоти зидди Мамадшоева бофта буда, дар асл мақомоти Тоҷикистон ин узви фаъоли ҷомиаи шаҳрвандиро барои фаъолиятҳои журналистиаш ва муборизаш барои ҳуқуқи инсон, аз ҷумла барои ҳимояташ аз ҳуқуқи ақалиятҳои помирӣ, таҳти таъқиб қарор додаанд.

Дар моҳҳои охир  дар робита ба ҳаводиси ахири Бадахшон дастикам 6 журналисту блогери зодаи ин вилоят низ ба ҳабс андохта шуданд:  Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушом Гулям, Рамзесс Шогунов, Мақсуд Ғаёсов ва Комчек Мирзоев. Аксари онҳо алакай ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

Хабари 21 сол ҳукми зиндони Улфатхоним Мамадшоева дар ҳоле расид, ки рӯзи 8-уми декабр вазорати умури хориҷии Амрико бо нашри як баёнияи кӯтоҳ гуфт, аз гузоришҳо дар бораи ҷазоҳои сахт ба хабарнигорон, блогерҳо, фаъолони маданӣ, ки аз ҳуқуқи худашон барои озодии баён истифода бурдаанд, сахт нигарон аст. Дар баёнияи кутоҳи вазорат дар Твиттер омадааст: ”Мо тақозо мекунем, муҳокимаҳо озоду одилона сурат бигирад ва афроде, ки ноодилона зиндонӣ шудаанд, озод карда шаванд ва озодии баён ҳимоят карда шавад.“

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button