ВидеоМуҳоҷирон

ТИРПАРРОНИИ МАФИЯИ ТОҶИКӢ ДАР ИСТАНБУЛ: БАҲОДУР БАРОТОВ КУШТА ВА ШАМСУ ШАҲРОМҶОН ЗАХМӢ ШУДАНД (ВИДЕО)

Соати дуи шаби 5 декабри соли 2022 дар натиҷаи тирпарронии дар маркази шаҳри Истанбули Туркия як зодаи Тоҷикистон кушта ва ду шаҳрванди дигари ин кишвар захмӣ шуданд.

Матбуоти Туркия бо такя ба натиҷаҳои муқаддамотии тафтиш хабар дод, ки он шаб дар ноҳияи Оқсарой Мессии пошо дар минтақаи Фотиҳи Истанбул байни зодагони Тоҷикистон аз ба ном “мафияи тоҷикӣ” муноқишаи мусаллаҳона рух додааст. Аъзои ин мафия тоҷирони тоҷикеро, ки дар Туркия ваё бо тоҷирони турк кор мекунанд, “андоз” мебастаанд.

Дар натиҷаи тирпаррони шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон Баҳодур Баротов кушта шуда, ду ҷавони дигари тоҷик Шамс А. ва Шаҳромҷон Г. тир хӯрдаанд.

Пулиси Туркия хабар дод, ки дар чорчӯби тафтиши ин парванда 12 нафар дастгир шудаанд. Пулис гуфт, тирпарронӣ дар Оқсарой натиҷаи муноқиша дар байни аъзои ба ном “мафияи тоҷикӣ” будааст. Дар байни боздоштшудагон Шаҳрон А. ном тоҷики 35-сола ҳам ҳаст. Ба бовари пулис, маҳз ӯ аз силоҳ Баҳодур Баротовро ба ҳалокат расондааст.

Тоҷикҳои боздоштшуда барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи пулиси Туркия, як гуруҳи зодагони Тоҷикистон дар Истанбул гуруҳи муташаккилонаи ҷиноятӣ созмон дода, аз соҳибкорони тоҷик  “ҳақ” талаб мекарданд. Онҳо мегуфтаанд, ки бидуни иҷозати онҳо ин соҳибкорон ҳаққи пеш бурдани тиҷораташонро дар Туркия надоранд.

Сабаби муноқишаи ахир ин шудааст, ки як узви “мафияи тоҷикӣ” (бовар меравад, ки ӯ ҷавони кушташуда Баҳодур Баротов бошад) аз яке аз соҳибкорони тоҷикистонӣ пуштибонӣ карда, ба шариконаш гуфтааст, ки ин соҳибкор дӯсти ӯст ва набояд аз вай “ҳақ” талаб кунанд.

Ҳангоми муноқиша Шаҳрон А.  пистолеташро берун кашида, ба тирпарронӣ сар кардааст.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button