Дин ва боварҳоҶанг дар Украина

ПОПИ РУМ ЧЕЧЕНҲО ВА БУРЯТҲОРО ДАР БЕРАҲМИИ ХОС ДАР ҶАНГИ УКРАИНА АЙБДОР КАРД

Попи Рум Франсиск, пешвои католикҳои ҷаҳон ахиран дар як мусоҳибааш аз бераҳмии ҷанговарони буряту чечен дар ҷанги Украина изҳори нигаронӣ кардааст. Ин изҳороти попи Рум ба вокунишҳои тунде дар Русия рӯбарӯ шуд ва намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова онро “таҳқири ҳатто бештар аз русбадбинӣ” номид.

Попи Рум 22 ноябри соли равон бо намояндагони 5 расонаи амрикоӣ сӯҳбат анҷом дод. 28 ноябри соли 2020 маҷаллаи “Америка”   матни мусоҳибаи хабарнигораш бо Попи Румро нашр кард. Дар ин мусоҳиба ӯ аз масоили доғи сайёра нигаронии амиқ кардааст. Махсусан ӯ аз вазъияти калисои Амрико, нажодпарастӣ, ҷанг дар Украина ва ҳуқуқи занон интиқод кардааст.

Яке аз мавзӯъҳои баррасишуда, ҷанг дар Украина, хеле хабарсоз гардид. Попи Рум ҳини мусоҳиба гуфт: Вақте ки ман дар мавзӯи Украина сӯҳбат мекунам, бароям хеле дарднок аст. Ин миллат шаҳид шудан дар роҳи Ватанро ихтиёр кардааст. Албатта, вақте ки касе ба шаҳодат мерасад, нафаре ҳам ҳаст, ки ин амалро ба ӯ раво дидааст, яъне қотиле вуҷуд дорад ва дигаронро бераҳмона ба қатл мерасонад. Ин қотилони бераҳм, лашкари истилогари Русия аст, ки дар хоки Украина бадтарин  ваҳшониятро ба зидди башарият содир мекунанд.”

Дар идома ӯ аз тарзи бархӯрди ваҳшиёнаи низомиёни рус ба аҳолии осоиштаи Украина изҳори нигаронӣ намуд, гуфт:  “Аҷаб он аст, ки бераҳмтарини онҳо ғайрирус ҳастанд. Мисли чеченҳо ва бурятҳо, ки рафтори қабеҳтаринро бо як бераҳмии хос ба аҳолии осоишта раво мебинанд.”

Дар ҷавоб ба ин гуфтаи попи Рум волии Бурятия Алексей Тсиденов (Цыденов) дар каналаш дар Телеграм навиштааст, ки “низомиҳои Бурятия бо ифтихор қарзи шаҳрвандии худро дар назди Ватан иҷро ва намунаи беҳтарине барои қӯшунҳои Русия ҳастанд”.

 Моҳи майи соли ҷорӣ низ Попи Рум аз сӯҳбат бо патриархи Русия Кирилл, сарвари калисои православии Русия  хабар дод ва гуфта буд, ки “40 дақиқа бо ӯ тавассути Zoom сӯҳбат кардам. Аз ин 20 дақиқаи аввал Кирилл аз рӯи варақ мехонду мехонд ва ҳуҷуми Русия ба хоки Украинаро сафед  ва пуштибонӣ мекард. Ман ба ӯ гуфтам, ки мо бояд роҳи сулҳро ҷустуҷӯ кунем. Дин ва намоядаи дин наметавонад ба абзори Путин табдил шавад”.

Попи Рум аз рӯзҳои аввали ҷанги Украина шадидан ин рафтори Русияро танқид карда, борҳо хостори вохӯрӣ бо роҳбари Русия Владимир Путин шуд ва миёнаравии худро байни Русияву Украина пешниҳод кард. Вале попи Рум дар мусоҳибаи ахираш гуфт, ки вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар як номаи ҷавобӣ малеҳона ба  ӯ “фаҳмондааст”, ки дар ҳоли ҳозир ба миёнаравиаш зарурат дида намешавад.

Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров, ки одатан дар вокуниш ба чунин масоил дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол аст, ин дафъа  то ҳол ба гуфтаҳои попи Рум ягон вокуниш накардааст. Вале Аҳмад Дудаев, вазири сиёсати миллӣ, равобити хориҷӣ ва иттилооти Чеченистон гуфтааст, “хубию бадии ҷанговарони чеченро бояд аз аҳолии Донбас пурсид”. Ба гуфтаи ин мансабдори чечен, “сокинони Донбасс  ба ахлоқ ва тарбияи онҳо баҳои баланд медиҳанд ва барои ҳимояти онҳо аз миллатгароён (манзур аз артиши Украина) изҳори сипос мекунанд”.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Украина чандин бор ҷангӯёни чеченро ба даст доштан дар ҷиноятҳои ҷанг гунаҳкор кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button