ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИК ЗАНУ ЧОР КӮДАКАШРО ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ МОНДА, БА ҶАНГИ УКРАИНА РАФТААСТ

Шаҳрванди Тоҷикистон Фирӯз Салимов, ки зодаи Душанбесту 10 соли охир дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар сохтмон кор мекард, зану 4 кӯдакашро дар  Екатеринбург монда, худаш ихтиёран ба ҷанги Украина рафтааст. Фирӯз Салимов ба расонаи маҳаллии УРА.РУ  гуфтааст, “барои ҳимояти Русия аз душман ба ҷанг меравад”.

 “Барои ман ин масъалаи номус аст. Мард бояд Ватан, падару модар ва зану фарзандонашро аз душман ҳимоят кунад. Ба ҳамин хотир ман худро ҳамчун ихтиёрӣ номнавис кардам. Имрӯз ҳамаи сокинони Русия бояд муттаҳид шуда, аз Владимир Путин пуштибонӣ кунанд. Чунки мо имрӯз  таърихро барои наслҳои оянда менависем. Мисли бобоёни мо, ки соли 1945 таърихро барои мо навишта буданд”, — бо чунин суханони баланд изҳори назар кардааст Фирӯз Салимов.

Ӯ гуфтааст, ки тасмимаш аҳли хонаводаро зиқу хавотир кард, вале онҳо аз ӯ пуштибонӣ мекунанд: “Наздиконам, ба хусус ҳамсарам, дар ташвиш афтодаанд, вале ҳамсарам маро дастгирӣ мекунад. Албатта, вазнин аст вақте ки кӯдаконро дар хона гузошта меравед. Вале ман боварӣ дорам, ки фарзандони ман, бахусус се писарам, бо ман ифтихор хоҳанд кард”.

Фирӯз Салимов барои нуқтаи ҷамъоварии сарбозони қарордодӣ борхалтааш дар даст омада буд. Гуфта мешавад, ки ҳамсараш барои ӯ ҳамчун тӯшаи роҳ нони тоҷикӣ пухтааст.  “Ман тайёр шуда омадам. Борхалтаам бо ман аст ва омодаам ҳамин ҳоло ба маҳалли амалиёт биравам. Ҳамсарам бароям чанд нони тоҷикӣ пухтааст. Ва боз ҳар хел шириниҳо гузоштааст дар борхалта” — нақл кардааст Фирӯз Салимов.

Ӯ ҳамчунин хабар додааст, ки ӯро ба баталйони десанти ҳавоӣ қабул кардаанд. Фирӯз қаблан дар артиши Тоҷикистон хидмат карда, рутбаи сержант доштааст.

21 сентябри соли 2022 президенти Русия Владимир Путин дар пайи ба камбуди шадиди нирӯ рӯбарӯ шудану маҷбур ба ақибнишинӣ шудани артиши кишвараш дар ҷанги Украина фармон дар бораи басиҷсозӣ ё мобилизатсия ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ин кишварро имзо кард. Як рӯз аз он пеш Думаи давлатии Русия қонунеро қабул кард, ки бар асоси он шаҳрвандони хориҷӣ алакай баъди як соли имзои қарордод барои хидмат дар саффи артиши ин кишвар метавонанд соҳиби шаҳрвандии Русия шаванд. Аз он пеш шаҳрвандии Русия ба зархаридони хориҷӣ танҳо баъди се соли хидмат дар артиши ин кишвар дода мешуд.

В аммо рӯзи 22 сентябр, сафорати Тоҷикистон дар Русия  шаҳрвандони тоҷикро ҳушдор дод, ки “аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд, зеро мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст”.

Дар Тоҷикистон дар ҳақиқат бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии ин кишвар: 401 ва 401.1 барои зархаридӣ ҷавобгарии ҷиноӣ муқаррар карда шудааст. Аз ҷумла барои ҷалби шаҳрвандони ин кишвар барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои дигар ҳамчун ҷазо аз 5 то 12 сол ва барои иштироки бевосита дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Вале ин ду модда то кунун асосан барои ҷазо додани онҳое истифода мешуд, ки зодагони Тоҷикистонро ба саффи гуруҳҳои ифротию террористие, ба мисли ДОИШ ҷалб мекарданд, ваё дар саффи чунин гуруҳҳо дар Сурияву Ироқ ё Афғонистон меҷангиданд.

Аз аввали ҷанги Русияву Украина алакай хабари кушта шудани беш аз 20 тан аз зодагони Тоҷикистон ба даст расидааст. Аксари онҳо ба сурати қарордодӣ дар артиши Русия хидмат мекарданд.

Ахиран хабар омад, ки рӯзи 15 октябри соли 2022 дар як машқгоҳ ё полигони ҳарбӣ дар вилояти Белгород дар наздикии марзи Русия бо Украина ду ҷавони тоҷик –Меҳроб Раҳмонови 23-сола ва Эҳсон Аминзодаи 24-сола болои ҳамхидматони худ тир кушодаанд. Дар натиҷа, 11 нафар кушта ва 15 тани дигар захмӣ шуда, ҳарду ҷавони тоҷикро низ ба ҳалокат расондаанд. Дар ин полигон сарбозонро пеш аз фиристодан ба ҷанги Украина машқ медоданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button