ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ХУДКУШИИ ЯК ҶАВОНИ 24-СОЛА ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  аз ғарқ шудани як кӯдаки даҳсола дар ноҳияи Қубодиён ва як ҷавони  24-сола  дар ноҳияи Рашт хабар дод. Вале агар кӯдаки хурдсол аз деҳаи Камароб дар Қубодиён ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда бошад, сокини 24-солаи деҳаи Ғавосиёни ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум худро ба оби дарёи Сурхоб партофта, худкушӣ кардааст. 

Бино ба маълумоти cардори шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Рашт, рӯзи  12-уми сентябри соли 2022 тахминан соати 07:05 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини 24-солаи деҳаи Ғавосиёни ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум худро дар дарёи Сурхоб ғарқ кард. Корҳои ҷустуҷӯӣ дар ҷойи ҳодиса 2 рӯз идома доштанд. Билохира, рӯзи 14 сентябр ҷасади ин ҷавонро 9 километр пойинтар аз ҷойи ҳодиса пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Сабаби даст ба ҷони худ задани ин ҷавон маълум нест.

Ҳамчунин рӯзи 13 сентябри соли 2022, соати 18:00 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар расид, ки дар дарёи Кофарниҳон як сокини 10-солаи деҳаи Камароби ҷамоати деҳоти ба номи У.Назарови ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ғарқ шудааст.

Ба ҷойи ҳодиса дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон фиристода шуданд.

Ҷасади ноболиғро 35 метр пойинтар аз ҷойи ҳодиса пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки бачаҳои ноболиғи худро беназорат нагузоранд. Ҳамчунин хоҳиш менамояд ба ҳамдигар муҳаббату садоқат дошта бошанд, то ба зиндагӣ дилгарм бошанд ва даст ба амалҳои зиште, чун худкушӣ назананд.

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи 7 моҳи соли 2022 дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон алакай 123 нафар, аз ҷумла 64 ноболиғи синнашон то 16 ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 кӯдак ғарқ шуда буд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон то 600 худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо ноболиғ низ қасди ҷони худ мекунанд. Мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанҷолҳои оилавӣ сабабҳои асосии худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button