САРБОЗИ ДАР МАРЗ КУШТАШУДАРО ДАР ДЕҲАИ УМЕД БА ХОК СУПУРДАНД
Субҳи 15-уми июн ҷасади сарбози дар задухӯрди марзии дирӯз кушташударо ба хок супурданд.
Сарбозbи 26-солаи Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон Муродбек Маҳмадқулов, ки рӯзи 14 июн дар як тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистон кушта шуд, субҳи 15 июни соли 2022 дар зодгоҳаш, деҳаи Умеди ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл) ба хок супурда шуд. Муродбек Маҳмадқулов дар ҳоле кушта шуд, ки то анҷоми мӯҳлати хидматаш дар артиш ҳамагӣ чор моҳи дигар боқӣ монда буд.
Раиси ҷамоати Навзамини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Муродбек Маҳмадқуловро субҳи 15 июн ба деҳаи Умед оварданд ва ба хок супориданд.
Ин алакай сарбози дуюм аз ноҳияи Дӯстӣ мебошад, ки аз тири сарбозони Қирғизистон кушта мешаванд. Моҳи апрел Зоҳир Саидмуродов, сарбози дигаре аз ноҳияи Дӯстӣ дар задухӯрди марзӣ дар Исфара аз сӯи нерӯҳои қирғиз кушта шуд.
Аз аввали соли 2022 дар тирпаррониҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 5 нафар кушта ва беш аз 30 нафар захмӣ шуданд. Лозим ба зикр аст, ки ҳамаи 5 кушташуда аз тарафи Тоҷикистонанд.
Субҳи 14 июн байни марзбонони тоҷику қирғиз дар дидбонгоҳҳои Кех ва Булоқбошӣ тирпарронӣ ба амал омад. Ҷониби Қирғизистон иддао кард, ки марзбонҳои тоҷик ба тарафи дидбонгоҳи қирғизҳо аз автомату гранатомёт ва миномёт тир кушодаанд ва он тараф маҷбур ба кушодани оташи ҷавобӣ шудааст.
Вале вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як изҳорот марзбонони Қирғизистонро масъули тирпарронии ахир дар марзи ду кишвар номид ва гуфт, “соати 06:00 дидбонгоҳи сарҳадии Кех дар ҷамоати Ворухи Исфара аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон бо истифода аз яроқи гуруҳӣ ва миномётҳо ба ҳамлаи ногаҳон гирифтор шуд. Дар натиҷаи ин амали таҷовузкоронаи беасос командири дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” ҷароҳат бардошта, ба беморхонаи ҷамоати деҳоти Ворух интиқол гардид. Айни замон вазъи саломатии ӯ аз ҳад вазнин арзёбӣ мегардад”, гуфта мешуд дар изҳорот. Вазорат дар бораи кушта шудани Маҳмадқулов чизе нагуфт, вале изҳор дошт, ки “ҷониби Тоҷикистон бо таассуф таъкид мекунад, ки амалҳои иғвоангезонаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон хусусияти мунтазам гирифтаанд. Ин амалҳои ғайриқонунӣ вазъият дар сарҳадро танҳо мушкил карда, ба нигоҳдории фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии дӯстона мусоидат намекунад. Тоҷикистон амалҳоии иғвоангезонаи хизматчиёни ҳарбии Қирғизистонро маҳкум карда, аз ҷониби Қирғизистон талаб мекунад, то ҷиҳати пешгирии чунин муноқишаҳо дар оянда чораҳои бетаъхир андешад”.
Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 983 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун ҳудуди 330 километраш таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.
Дар поёни моҳи апрели соли 2021 дар хунинтарин муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 55 нафар кушта ва 240 каси дигар захмӣ шуданд. Аз аввали соли 2022 дар чанд даргирӣ дар марзи ин ду кишвар, ки асосан дар марзи Исфара бо Бодканд рух доданд, 5 нафар аз ҷониби Тоҷикистон кушта шуда, беш аз 30 тани дигар аз ҳарду тараф ҷароҳат бардоштанд.