ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

РӮЗИ 22 МАЙ, ЧАНД РӮЗ ПЕШ АЗ ТОБИСТОН, ДАР ТОҶИКИСТОН БАРФ БОРИД! (ВИДЕО)

Хонандагон ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеои боридани барф дар роҳи Душанбе –Хуҷанд – Чаноқро фиристоданд. Сокинон хабар медиҳанд, ки рӯзи 22 майи соли 2022, ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз расидани фасли тобистон дар кӯҳистони водии Зарафшон, аз ҷумла дар тӯли ин шоҳроҳи асосии байни шимол ва маркази Тоҷикистон, ҳамчунин дар бисёре аз рустоҳои кӯҳистонӣ, аз ҷумла дар рустои Ворӯи Панҷакент ба таври ногаҳонӣ барф боридааст.

Ин барфи ғайриинтизор кӯдаконро шод кардааст, валеӣ деҳқонон дар ташвиш афтодаанд, чунки метарсанд, ки сардии ғайриинтизор метавонад ҳосили имсолаи заминҳои кишти онҳоро нобуд кунад.

Ёдовар мешавем, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ахиран бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ҳушдор дода буд, ки 22-уми майи соли равон ва шаби 23-уми май дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ бориши боронҳои шадиду раъду барқ ва жола интизор меравад ва сатҳи оби рӯдхонаҳое, ки аз тариқи нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳҳои Ҳисор, Ёзхсӯ, Қизилсу (ҷанубӣ), Вахш, Зарафшон ва Исфара боло меравад. Вале ҳавошиносони тоҷик дар пешбиниҳои худ пиромуни инки рӯзи 22 май, ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз расидани фасли тобистон, дар кӯҳҳои водии Зарафшон барф меборад, чизе нагуфта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button