ВидеоИқтисодТоҷикистон

ЛАҒЖИШИ КӮҲПОРА ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД, БАРФ ДАР КӮҲҲО ВА ЖОЛА ДАР ПОЙТАХТ (ВИДЕО)

Обуҳавои номусоиди рӯзи 22 майи соли 2022 боиси эҷоди як силсила мушкилот дар роҳи равуои мардум ва ҳатто муваққатан масдуд шудани роҳҳо шуда, ба боғу токзор ва заминҳои кишти мардум низ зарар расондааст.

Филиали ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS),  ки масъулияти нигоҳубини роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқро бар уҳда дорад, хабар дод, ки бар асари лағжиши кӯҳпора дар километри 153 – юм ҳаракати нақлиёт тавассути ин ягона роҳи заминии байни шимол ва маркази Тоҷикистон муваққатан маҳдуд карда шуд. Ширкат баъдан хабар дод, ки бо рафъи оқибатҳои офати табиӣ равуои нақлиёти сабукрав иҷозат дода шуд ва бояд ба зудӣ ҳаракати мошинҳои боркаш низ дар роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ аз сар гирифта шавад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 22 майи соли 2022, ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз расидани фасли тобистон дар кӯҳистони водии Зарафшон, аз ҷумла дар тӯли  шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд – Чаноқ, ҳамчунин дар деҳоти кӯҳистони Панҷакент ва дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба таври ногаҳонӣ барф борид. Аз ҷумла корбарон бо нашри аксҳо аз рехтани барф дар деҳаи Ворӯи Панҷакент ва деҳаи Сабақ дар Кӯҳистони Мастчоҳ хабар доданд. Ин барфи ғайриинтизор кӯдаконро шод кардааст, валеӣ деҳқонон дар ташвиш афтодаанд, чунки метарсанд, ки сардии ғайриинтизор метавонад ҳосили имсолаи заминҳои кишти онҳоро нобуд кунад.

Дар Душанбе, бино ба хабарҳо ва видеоҳои нашршуда, рӯзи 22 май борони сел ва жола зада, равуои нақлиёти ҷамъиятӣ ва мардумро мушкил сохтааст.

Ёдовар мешавем, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ахиран бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ҳушдор дода буд, ки 22-уми майи соли равон ва шаби 23-уми май дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ бориши боронҳои шадиду раъду барқ ва жола интизор меравад ва сатҳи оби рӯдхонаҳое, ки аз тариқи нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳҳои Ҳисор, Ёзхсӯ, Қизилсу (ҷанубӣ), Вахш, Зарафшон ва Исфара боло меравад. Вале ҳавошиносони тоҷик дар пешбиниҳои худ пиромуни инки рӯзи 22 май, ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз расидани фасли тобистон, дар кӯҳҳои водии Зарафшон барф меборад, чизе нагуфта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button