Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

ХАБАРИ ТАЛХ: МАРГИ ФОҶИАВИИ СЕ ҲАМСИНФ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд хабар дод, ки субҳи 21 майи соли 2022 дар ин ноҳияи фоҷиаи талхе рӯй дод.

Бино ба иттилои ӯ, як хонандаи синфи 11 мактаби миёнаи №49 деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ субҳи шанбе мошини падарашро гирифта, ҳамроҳи ҳамсинфонаш саворӣ мекунад. Аз қазо ӯ дар роҳ аз уҳдаи идораи мошин баромада наметавонад ва мошин ба ҷарӣ чаппа мешавад. Дар натиҷаи ин садама се ҳамсинф ҷон додаанд.

Манбаи “Бомдод” гуфт, ду нафар аз наврасони ҷавонмаргшударо алакай ба хок супурдаанд ва ҷустуҷӯи қурбонии сеюми ин садама, ки ҷасадашро об бурдааст, дар дарёи Зарафшон идома дорад.

Тафсилоти дигари ин ҳодиса дастрас нашудааст. Мақомот ин ҳодисаро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Танҳо аз аввали ҳафтаи ҷорӣ алакай дар бораи ҳалокати 10 нафар дар 7 садамаи марговар дар роҳҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар шумурда мешаванд. Бино ба омори расмӣ, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button