ИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

АСАРОТИ ОБХЕЗИҲОИ РӮЗИ 4 МАЙ. СЕЛ РОҲУ ПУЛҲОРО ШУСТ, 130 ГӮСФАНДРО НОБУД КАРД…

Сокинони деҳаи Ғуриёт дар канори шаҳри Ҳисор хабар доданд, ки рӯзи 4 майи соли 2022 бар асари сел дар ин деҳа ҳудуди 130 гӯсфанд нобуд шудааст.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, селҳои харобиовари зи 4 май дар кишвар сабаби харобиҳои зиёд шуданд, вале хушбахтона, дар ин офатҳои табиӣ касе осеб надидааст.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 4 май бар асари обхезӣ дар километри 448уми роҳи Кӯлоб Даровх Ванҷ дар мавзеи Хехики ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ роҳ муваққатан баста шуд. Ҳоло оқибатҳои ин сел дар Хехик рафъ гардида, роҳ барои ҳаракати нақлиёт боз шудааст.

Соати 16:30 сел боиси масдуд шудани роҳи байни деҳаҳои  Мазори Шарифи ҷамоати ба номи Лоиқ Шералӣ ва деҳаи Артучи ҷамоати ба номи Рӯдакӣ дар канори шаҳри Панҷакент шуд. Оқибатҳои ин селро низ алакай рафъ кардаанд.

Соати 17:10 дар пайи боришоти шадид ба далели набуди шабакаҳои селпарто дар ҳудуди деҳаи Ятини ҷамоати Гули Сурх дар канори шаҳри Истаравшан низ сел омад.

Ҳамин тавр, соати 16:00 ҳангоми аз чарогоҳ пас овардани рамаи чорвои хурд дар деҳаи Қайнари ноҳияи Восеъ сел омад ва 3 бузу 2 гӯсфандро бурд.

Барои ҳифзи зироат рӯзҳои 3 ва 4 май дар ҳудуди Турсунзода, Ёвон, Данғара ва Кӯшониён 64 мушаки зидди жолаи навъи “Алазан” зада шуда, тавассути онҳо 24 ҳолати хатарҳои фурӯ рехтани жола пешгирӣ карда шудааст.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, обу ҳаво дар Тоҷикистон рӯзҳои 5 ва 6 май низ номусоид боқӣ монда, эҳтимоли фурӯ рехтани селҳои нав вуҷуд дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button