ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

СОКИНИ РОҒУН БАРОИ КУШТОРИ БЕРАҲМОНАИ МОДАРАШ БА ҲАБСИ АБАД МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи олии Тоҷикистон 13 апрели соли 2022 сокини шаҳри Роғун Қосимов Мустақим Ятимовичро барои  қатли модараш Маҳмудова Зебонисо ба ҳабси умрбод маҳкум кард.  Додгоҳ Мустақим Қосимовро бар асоси моддаи 104, қисми 2, бандҳои “в, е”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар одамкушӣ бо бераҳмии махсус ва он ҳам дар вақти дар ҳолати оҷизӣ, яъне дар ҳолати хоб қарор додани модараш гунаҳкор шинохт.

Ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҳукми қатлро ҳам пешбинӣ мекунад, вале судур ва иҷрои ҳукми қатл дар Тоҷикистон аз соли 2004 таҳти мораторий қарор дорад ва ҳоло ҳабси абад дар ин кишвар ҷазои олӣ ҳисоб мешавад.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 21 апрел бархе ҷузъиёти ин парвандаро нашр кард. Бино ба ин манбаъ, дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Қосимов М. Я. дар суроғаи шаҳри Роғун, кӯчаи Норакиён, бинои 24  ҳамроҳи падараш Қосимов Ятим, модараш Маҳмудова Зебониссо Ғозиевна ва зану фарзандонаш истиқомат карда, вақтҳои охир бинобар сабаби дар ягон  ҷой кор накардан ӯро модараш насиҳат карда, мефармудааст, ки дар ягон ҷой кор карда,  хӯрду хӯроки зану фарзандонашро таъмин карда, зиндагиашро худаш пеш барад.

Додситонӣ мегӯяд:  “Мустақим Қосимов аз рафтору муносибати модараш норозӣ ва доимо дар хашму ғазаб қарор дошта, мунтазам бо модараш бо  баҳонаҳои гуногун муноқиша ва ҷанҷолҳо мекардааст. Ӯ шаби 30 апрели соли 2021, тахминан соати 01:50  аз хоб бедор шуда,  пинҳонӣ аз ҳамсараш бо мақсади куштори модараш аз ошхона  кордро гирифта, ба назди ҳуҷраи хоби падару модараш рафта, аз фурсати муносиб истифода бурда, бо бераҳмии махсус бо корди дар дасташ буда, ба  қафаси синаи модараш задааст. Модараш Маҳмудова З. Ғ. аз зарбаи корд аз хоб бедор шуда, кӯшиши хестанро мекунад,  вале ӯ ба модараш чунин имкониятро надода, бо корди дар дасташ буда, пай дар пай се маротибаи дигар зада, ӯро ба қатл мерасонад”.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи мавридҳои қатли хешу табори наздик, аз ҷумла падару модар ва ҳамсарон, хабарҳо зиёд ба даст мерасанд.  Ин дар ҳолест, ки эҳтироми падару модар дар фарҳанги мардуми тоҷик як арзиши вижа дошта, ҳатто гап гардондан ба волидайн гуноҳи азим дониста мешавад.

Дар ҷомиаи мусалмонии Тоҷикистон одамкушӣ ба сари худ як гуноҳи кабира шумурда мешавад ва куштани хешовандони наздик, бахусус падар ё модар, гуноҳест сахт нобахшиданӣ. Ҷомиашиносон дар вақтҳои охир афзудани мавридҳои даст ба ҷони наздикони худ задан дар Тоҷикистонро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар байни мардум рабт медиҳанд. Рӯҳониён дур шудан аз таълимоти илоҳӣ ва дину диёнатро дар ин тамоюли манфӣ муқассир мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button