ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ЭЪТИРОЗГАРОН ДАР БИШКЕК ИСТЕЪФОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО ТАЛАБ КАРДАНД (ВИДЕО)

Рӯзи 14 апрел як гуруҳи фаъолони қирғиз дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек эътироз карда, аз рнамояндагони сафорат хостанд, ки ба пеши онҳо бароянд. Тазоҳургарон, тавре аз видеоҳо дида мешавад, 5-6 буда, бо худ шиори “Бодканд замини мост!” ва ҳамчунин шиорҳои зидди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доштанд. Муҳтавои бархе аз ин шиорҳо чунон қабеҳ буд, ки ҳатто милитсияи Қирғизистон тазоҳургаронро дар мавриди ғайри қобили қабул будани истифодаи чунин шиорҳо ҳушдор дод.

Эътирозгарон Эмомалӣ Раҳмонро ба он айбдор мекарданд, ки дар кишвараш озодии баёнро саркӯб карда, интихоботи демократиро аз байн бурдааст ва ҳар дафъа барои фурӯ нишондани оташи норозигии мардумаш бо мақсади ба дигар тараф бурдани самти таваҷҷуҳ муноқишаҳоро дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон доман мезананд.

Вале дар Тоҷикистон бисёриҳо бар инанд, ки бархе сиёсатмадорони қирғиз, аз ҷумла раиси КДАМ он кишвар Қамчибек Тошиев махсус муноқишаҳоро дар марз доман мезананд, то ки таваҷҷуҳи мардумро аз мушкилоти дохилии Қирғизистон ба самти дигар равона кунанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек то ҳол эътирози доиршуда дар назди бинояшро шарҳ надодааст.

Ин эътироз ду рӯз баъд аз тирпарронии шоми 12 апрел дар марзи ҷамоати Хистеварзи вилояти Суғди Тоҷикистон бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон баргузор шуд. Дар ҷараёни он тирпарронӣ марзбони тоҷик Зоир Саидумаров кушта шуд. Қирғизистон низ дар бораи захмӣ шудани 6 нафар хабар дод.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар як соли охир дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 58 нафар  (36 нафар аз ҷониби Қирғистон ва 22 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта шуда, ҳудуди 270 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Хунинтарин муноқиша дар ин қисмати марз дар поёни моҳи апрели соли 2021 рӯй дод, ки дар натиҷаи он аз ду тараф 55 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии ҷумҳуриҳои муосири Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Дар поёни моҳи январи соли 2022 дар як муноқишаи дигари мусаллаҳона дар марзи Исфара бо Бодканд ду сокини Тоҷикистон кушта ва аз ҳарду тараф беш аз 20 тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳамин тавр, шаби 11 март дар як тирпарронии дигар дар марзи Чоркӯҳ бо Бодканд марзбони тоҷик Суннатулло Самадов кушта шуда, ду марзбони дигар ва чанд сокини Чоркӯҳ захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button