ВидеоИқтисод

БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН СЕ ХАТСАЙРИ НАВИ АВТОБУС КУШОДА ШУД

Байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 3 хатсайри нави автобус кушода шуд, – хабар додааст вазорати нақлиёти Ӯзбекистон дар Телеграм.

Бино ба ин манбаъ, ширкати “Ҳолдинги Азия Групп Тоҷикистон” аз 2 апрел равуои озмоишӣ ба чанд шаҳри Ӯзбекистонро шурӯъ мекунад.  Хатсайрҳои ҷадид Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро бо шаҳрҳои Тирмиз ва Деҳнави вилояти Сурхондарё ва Панҷакентро бо Самарқанд мепайванданд.

Масофаи байни Дқушанбе ва Тирмиз 252 километр буда, автобус мусофиронро дар муддати 5 соати 40 дақиқа ба Тирмиз мерасонад. Аммо барои расидан то Деҳнав, ки аз Душанбе дар фосиали 107 километр ҷойгир шудааст, 2 соати 25 дақиқа лозим мешавад. Масофаи байни Панҷакент ва Самарқанд 64 километр буда, тӯли сафар 1 соату 25 дақиқаро ташкил медиҳад.

Равуои автобусҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз солҳои 90 қатъ шуда, танҳо баъди ба қудрат расидани президенти кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва беҳтар шудани муносибатҳои Тошканду Душанбе аз сар гирифта шуд.

Дар соли 2020 Ӯзбекистон ба далели пандемияи коронавирус равуои автобусҳоро аз нав мутаваққиф сохт, вале аз моҳи октябри соли 2021 дигарбора ба он иҷозат дод. Дар ҳоли ҳозир байни Тоҷикистону Ӯзбекистон автобусҳо танҳо дар ду хатсайри Тошканд — Хуҷанд  ва Қӯқанд — Хуҷанд ба сурати мунтазам мусофир мекашонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button