ВидеоТоҷикистон

САРДОРИ МИЛИТСИЯИ ҶАЙҲУН БА ПЕШОНИИ КӢ СИЛОҲ МОНДА БУД: РАИСИ СУД Ё САРДУХТУР? ГАРДИШИ НАВ ДАР ИН МОҶАРОИ ПУРСАРУСАДО

Моҷарои шаби 31 декабри соли 2021 байни сардори ШВКД ноҳияи Ҷайҳун ва раиси Суди ин ноҳия рух додааст. Дар ин бора Валӣ Воҳидов муовини прокурори вилояти Хатлон, рӯзи 3 феврал зимни нишасти матбуотии додситони вилоят хабар додааст.

Қаблан гуфта мешуд, ки ин моҷаро миёни сардори ШВКД ва сардухтури ноҳия сар задааст ва сардори шуъбаи милитсия ба пешонии сардухтур силоҳ гузоштааст.

“Моҷаро шаби 31 декабри соли 2021 байни сардори ШВКД Қурбоналӣ Пӯлод ва раиси суди ноҳияи Ҷайҳун Муҳиддинзода сар задааст. Мо ҳодисаро таҳқиқ кардем ва ҳамаи маводро барои чораҷӯйӣ ба ВКД фиристодем. Натиҷаашро ба фикрам Шумо медонед, ки сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун Қурбоналӣ Пулод аз вазифааш озод карда шуд”,-  нақли қавл кардааст хабаргузории “Азия Плюс”  аз суханони муовини додситони вилоят Валӣ Воҳидов дар нишасти хабарӣ.  Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3 январи соли 2022, алакай чанд рӯз баъди он моҷаро Қурбоналӣ Пӯлодро аз вазифа озод  ва Исроил Ғоибзодаро иҷрокунандаи вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Ҷайҳун таъин кард. 

Ба ин суол ки оё вобаста ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ё не?, муовини додситони вилояти Хатлон кӯтоҳ посух дод, ки “парвандаро аз ВКД пурсед”.

Қаблан Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки шаби Соли нав байни сардори ШВКД ноҳияи  Ҷайҳун ва сардухтури Беморхонаи марказии ин ноҳия  муноқиша сар зада  ва полковник Пӯлод Қурбоналӣ Барфӣ таппончаи хидматиашро ба пешонии Ҳомидҷон Абдулҳамидзода, сартабиби ноҳия, гузошта, пас аз кашокаш ба ҳаво ду тир холӣ кардааст.

Бино ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, сабаби муноқиша ин будааст, ки гӯё кадом хеши сартабиби Ҷайҳун нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ доштааст ва ба Пӯлод Барфӣ беэҳтиромӣ кардааст. “Ҳодиса шаби Соли нав дар як тарабхонаи ноҳия рух додааст. Он ҷо раиси суди ноҳия ва сардори шуъбаи КДАМ  дар ноҳияи Ҷайҳун низ ҳузур доштаанд. Онҳо ҷанг байни ду нафарро халос карда, бо даъвати дигарон таппончаро аз дасти сардори ШВКД гирифтаанд,” – гуфта буд яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ.

Аммо Пӯлод Барфӣ дар тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки “ҳеч ҷанҷоле набуд”. Ҳомидҷон Абдулҳамидзода, сартабиби ноҳияи Ҷайҳун,  низ ба Озодӣ гуфт, “аз мақомоти тафтишотӣ пурсед, ки чӣ ҳодиса шудааст?”

Полковник Қурбоналӣ Пӯлод Барфӣ  ҳамагӣ даҳ моҳ пеш ба ҷойи Неъматулло Солеҳзода, ки бо иттиҳоми “сӯиистифода аз мансаб” дар қазияи кочоқи тило боздошт шуд, ба вазифаи сардори милитсияи ноҳияи Ҷайҳун таъин шуда буд. Пеш аз ин, Пӯлод Барфӣ сардори шуъбаи милитсияи истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button