ВидеоҶомеа

ҲАБСИ 3 ҶАВОН ВА ҶАРИМАИ ЯК ҶАВОНЗАН ДАР ПАЙИ МУНОҚИШАИ СОАТИ ДУИ ШАБ ДАР НАЗДИ ҚАҲВАХОНАИ “НЮ-ЙОРК” (ВИДЕО)

 Маркази матбуоти РВКД Душанбе  хабар дод, ки бар асоси видеои дар Интернет нашршудаи муноқиша дар назди қаҳвахонаи “Ню-Йорк”  се корманди ин қаҳвахона барои майдаавбошӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда, як ҷавонзанро ба далели кӯдаки хурдсол доштанаш ҷазои сабуктар додаанд ва  ба маблағи 448 сомонӣ ҷарима бастаанд.

Бино ба ин манбаъ, зимни таҳқиқи навори муноқишаи шабона муайян карда шуд, ки ин ҳодиса шаби 31-уми январ ба 1 феврали соли ҷорӣ, тақрибан соати дуи шаб дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур,  дарназди қаҳвахонаи «Ню-Йорк» рух додаст.

“Тавре муайян гардид, ҷавондухтаре, ки дар навор инъикос ёфтааст, шаҳрванд Ибодова Зӯҳро Зиёдуллоевна, санаи таваллудаш 13.07.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев  мебошад…Номбурда тахминан соати дуи шаб ба қаҳвахонаи «Ню-Йорк» барои гирифтани телефони фаромӯшнамудаи бародараш меояд, ки дар ин ҳолат нисбаташ кормандони қаҳвахонаи мазкур дағалона рафтор намуда, ӯро мавриди озору таҳқир қарор медиҳанд. Сипас дар ҷавоб чуноне, ки дар навор дида мешавад, шаҳрванд Ибодова Зӯҳро низ ба суханони таҳқиромез ва бо алфози қабеҳу садои баланд кормандони қаҳвахонаро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор дода, оромии ҷамъиятӣ ва осудаҳолии шабонаи шаҳрвандонро халалдор сохтааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи пойтахти Тоҷикистон.


 Дар робита ба озор ва таҳқиру дашноми ҷавондухтар шаҳрвандон:
1. Ярмухаммедов Алиҷон Файзалиевич санаи таваллудаш 17.10.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маъмур (администратор)-и қаҳвахонаи «Ню Йорк»;

2. Кабутов Тоҳирҷон Комилҷонович санаи таваллудаш 20.11.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Махсум, корманди қаҳвахонаи «Ню Йорк»;

3. Кабутов Фаррух Собирҷонович, санаи таваллудаш 15.01.2005, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ деҳаи Болошаҳр, корманди қаҳвахонаи «Ню Йорк»;

дастгир гардида, нисбати ҳамаи номбурдагон тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар натиҷа бо қарори сд нисбати ҳар се нафар кормандони қаҳвахонаи «Ню-Йорк» ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ татбиқ карда шуда, нисбати Ибодова Зуҳро тибқи талаботи ҳамин модда бинобар сабаби дар тарбияташ доштани кӯдаки ноболиғ шартан ҷазои сабуктар дар намуди ҷарима ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо  таъин карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button