АфғонистонВидеоНомаҳо ба президентСиёсат

БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН РАСОНЕД: 6 ТАЛАБИ ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК АЗ ПАРЛУМОНИ АВРУПО

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии тоҷик, як ниҳоди наздик ба нирӯҳои оппозитсионӣ, ки мисли дигар гуруҳҳои асосии мухолифин дар Аврупо фаъолият мекунад,  дар як нома ба парлумони Аврупо аз даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  барои анҷоми сафари расмӣ ба Фаронса ва қароргоҳи парлумони Аврупо изҳори нороҳатӣ карда, аз парлумони Аврупо хостааст, ки 6 масъалаи муҳимро зимни ин сафари Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ дар миён бигузоранд.

Аз Иттиҳоди Аврупо хоста шудааст, то аз Эмомалӣ Раҳмон тақозо кунад, ки мақомоти Тоҷикистон ба ҳабсу зиндонӣ кардан ва озору шиканҷаи мухолифини сиёсиаш ва наздикони онҳо  нуқта гузошта, ҳамаи маҳбусони сиёсиро аз маҳбасҳо озод кунанд.

Бас кардани сиёсати маҳдуд шудани мансабҳои калидӣ дар дасти аъзои хонавода ва хешу табори наздики президенти Тоҷикистон, роҳ кушодан ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, таъмини асли ивазшавандагии ҳукумат, фароҳам овардани дастрасии мардум ба озодиҳои шаҳрвандӣ, риояи Қонуни асосии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз ҷумлаи дигар талабҳоест, ки Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии тоҷик дар номаи худ ба парлумони Аврупо зикр кардааст.

Ҳамин тавр, мухолифини тоҷик аз парлумони Аврупо хостаанд, то мақомоти Тоҷикистонро ба пазируфтани паноҳҷӯёни афғонистонӣ моил кунанд ва “шаҳрвандони бепаноҳи афғонистонӣ, ки аз ситамҳои ҷорӣ дар кишварашон ранҷ бурда ва фирор кардаанд ва дар марз бо Тоҷикистон мондаанд, билофосила ба кишвар ҷой дода шаванд.”

Ба ақидаи мухолифини тоҷик, “садҳо афғонистонии бегуноҳ имрӯза дар марз муъаллақ мондаанд ва мақомоти тоҷик иҷозаи вуруд ба Тоҷикистонро ба онҳо намедиҳанд”.

Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои наздик ба Аврупо сафар кунад. Хадамоти матбуоти президенти Фаронса қаблан гуфт, ки мулоқоти Эммануэл Макрон бо Эмомалӣ Раҳмон дар Порис рӯзи 13 октябр ба нақша гирифта шудааст. Президенти Тоҷикистон бори охир ду сол пеш: моҳи ноябри соли 2019 аз Фаронса боздид карда буд, вале зоҳиран тағйири куллии вазъи ҳарбию сиёсии Афғонистон зарурати сафари нави ӯро ба Фаронса пеш овардааст.

 Даъвати ӯ дар ҳоле сурат гирифт, ки президенти Тоҷикистон қотеъона аз режими нави Толибон дар Афғонистон интиқод мекунад ва ин гуруҳи тундравро ба он айбдор мекунад, ки Афғонистонро дубора ба лонаи терроризми байналмилалӣ табдил дода истодааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, ки ба зидди Толибон меҷангад, ҳимоят мекунад, ва барои тоҷикон ва дигар ақалиятҳои қавмии Афғонистон дар ҳукумати нави Толибон ҷойгоҳи шоиста талаб дорад.

Фаронса низ, тавре ба назар мерасад, режими нави Толибонро чандон хуш надорад. Ин кишар дар солҳои 90 аз ҳаводорони муборизаи Аҳмадшоҳи Масъуд, падари фақиди Аҳмади Масъуд ба зидди режими қаблии Толибон буд ва аз лиҳози сиёсӣ аз ӯ ҳимоят мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button