Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ВАЗОРАТ МАРГИ АҲМАДҶОН РАҲМОНЗОДА АЗ КОРОНАВИРУСРО НИЗ “НАДИД”

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 9 август хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар  ҷумҳурӣ 69 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар ин муддат 76 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва касе нафавтидааст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 9 август “Бомдод” хабари аз коронавирус ҷон бохтани корманди баландпояи Додситонии кулли Тоҷикистон Раҳмонзода Аҳмадҷон Футурро нашр карда буд. Аҳмадҷон Раҳмонзода инак дуюмин узви хонаводаи пурнуфузи Футур Раҳмонов аз деҳаи Паркамчии ноҳияи данғара аст, ки қурбонии коронавирус шуданд. 1 сентябри соли 2020 бародари ӯ генерал Алихон Раҳмонзода низ тӯъмаи ин вирус шуда буд.

Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, аз оғози пандемия то шоми 9 август дар Тоҷикистон дар умум 15 720  ҳолати гирифтории шаҳрвандон ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор то санаи зикргардида 15 269 нафар (97,1%) шифо ёфтаанд ва  122 нафар фавтидаанд.

Бар асоси ин омор, ҳоло дар Тоҷикистон, дар шароити хона ваё дар бемористонҳо дар маҷмӯъ 329 нафар аз коронавирус табобат мегиранд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз аввали моҳи август танҳо як мавриди фавти шаҳрвандон аз коронавирусро расман тасдиқ кардааст. Ин дар ҳолест, ки  аз аввали моҳи август дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо дар бораи марги тақрибан 15 нафар аз ин вирус хабарҳо нашр шуданд.

Мунтақидон бар инанд, ки вазорати тандурустӣ зоҳиран дигарбора сиёсати пӯшондани воқеиятҳо ва “таҳрир”и омори сироят ва маргумир аз коронавирусро пеш гирифтааст. Сиёсати хатое, ки ахиран Тоҷикистонро бидуни ҳеҷ омодагӣ  дар рӯбарӯи як мавҷи азиму марговари ҳамлаи коронавирус қарор дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button