МуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ҶАВОНИ ТОҶИКРО ДАР ПЕТЕРБУРГ БАРҚ ЗАДААСТ. ӮРО БО 60% БАДАНИ СӮХТА ХОБОНДААНД

Рӯзи 8 август дар ноҳияи Виборги шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар кӯчаи Курчатов як шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистонро ҳангоми кор бо хатҳои барқ нирӯи барқ задааст. Дар ин бора ба  хабаргузории «Невские новости»  як манбаъ дар мақомоти ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.

Бино ба иттилои нашрия, шаҳрванди Тоҷикистонро дар Пажуҳишгоҳи “Ёрии таъҷилӣ” ба номи Ҷанелидзе бистарӣ кардаанд. Табибон ташхис додаанд, ки 60% бадани муҳоҷири тоҷик захми сӯхтании дараҷаи 3 гирифтааст. Вазъи саломатии ӯ вазнин арзёбӣ мешавад. Ҷавони тоҷикро дар шуъбаи реаниматсияи беморони сӯхтагӣ хобондаанд.

Исми шаҳрванди Тоҷикистон ва корхонае, ки ӯ онҷо дучори чунин фалокат шудааст, гуфта нашудааст.

Пажуҳишгоҳи “Ёрии таъҷилӣ”  дар Санкт-Петербург ба шарафи табиби машҳур Иусти́н Ивлиа́нович Ҷанели́дзе номгузорӣ шудааст. Ҷанелидзе 20 июл (1 август) –и  соли 1883  дар деҳаи Самтредиа дар вилояти Кутаиси (ҳоло – қаламрави Гурҷистон) ба дунё омада, 14 январи соли 1950  дар Ленинград (ҳоло- Санкт-Петербург) вафот кардааст. Ҷанелидзе —  ҷарроҳ ва олими машҳур, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, академики Академияи илмҳои тиббии СССР, генерал-лейтенанти хадамоти тиббии артиши Шӯравӣ буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button