ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ 5 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 2 НОБОЛИҒ, ДАР 5 САДАМАИ РӮЗҲОИ 7 ВА 8 АВГУСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки  тайи ду рӯзи истироҳати гузашта бар асари 5 садама дар роҳҳои кишвар дастикам 5 нафар, аз ҷумла ду ноболиғи пиёдагард, ҷон бохта, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.  Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Бино ба иттилои ВКД, шаби 7 август, тахминан соати 01:20,  ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Аминов Фаррух Ҳусейнович, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён, ҳангоми ҳаракат кардан дар кӯчаи С.Айнии шаҳри Бохтар, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба деворҳои давродаври маркази “Шаҳло”, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ бархӯрдааст.

Дар натиҷа худи ронанда, Аминов Ф.Х. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофирони дар дохили автомашинаи мазкур буда Ёқубов Ҷӯрабек Ҳасанович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ва Абдуллоева Фазилат Комиловна, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати шаҳраки Ваҳдати шаҳри Левакант, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Инчунин, санаи 7-уми август, тахминан соати 08:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Назаров Ҷумъахон Кароматович, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Кушониён ба самти ноҳияи Вахш дар ҳудуди деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ноҳияи Кушониён, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагарди хӯрдсол, Файзуллоева Дилафрӯз Маҳмадовна, соли таваллудаш 2014, сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кушониёнро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди хурдсол, Файзуллоева Д.М, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон, рӯзи 8-уми август,  тахминан соати 05:40 ронандаи мототсикли тамғаи “YMASAKI SQ-1507N”, Зоирҷони Асомуддин, соли таваллудаш 1992, сокини ҷаоати шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи мазкур ба самти шаҳри Кулоб, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Корези ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада пиёдагард, Қодиров Бахтиёр Қуваталиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, Қодиров Б.Қ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, санаи 8-уми август, тахминан соати 13:30 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳусайнов Алламурод Намозович, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Шаҳритус ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набарормада пиёдагарди ноболиғ, Бобоназаров Рамазон Алиҷонович, соли таваллудаш 2005, сокини ҷамоати деҳоти Э.Ниёзови ноҳияи Қубодиёнро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ, Бобоназаров Р.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, субҳи барвақти 8-уми август, тахминан соати 04:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Лабо», Баракаев Шокирҷон Илҳомҷонович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар 326-ум км ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳамрободи ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёташ набарормада, ба автомашинаи тамғаи «Камаз», ки ба Хоҷазода Комилҷон Мирзоназар, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ тааллуқ дошта, ки дар канори чапи роҳ беҳаракат меистод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи «Дэу-Лабо», Соҳибова Гулнора Самадовна, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Хуҷанд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

КҲФ Тоҷикистон як видео аз маҳалли садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннокро нашр кардааст:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button