Хабарҳои кӯтоҳ

АНБОРЧИИ ҶДММ “НОҚИЛИ ТАЛКО” ХУДАШ МОЛҲОИ КОРХОНАРО ДУЗДОНДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон 9 август хабар дод, ки як корманди ҶДММ “Ноқили ТАЛКО” бо гумони мусоидат ба дуздии молу мулки ин корхона дастгир шудааст. Мақомот ду нафари дигарро низ бо иттиҳоми дуздӣ ба маблағи 231 ҳазор сомонӣ аз анбори ҶДММ Ноқили ТАЛКО” боздошт кардаанд.

 Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино мактуби корхонаи ҶДММ «Ноқили талко», воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулов ворид гардидааст, ки аз моҳи март то моҳи августи соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили корхонаи мазкур 16-адад халтаҳои полиэтиленӣ (резинаҳои гранула барои рӯйпӯш намудани симҳои ноқилҳои барқӣ)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 231 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 37, 33 ва 29-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакиву шаҳри Душанбе, ки якеашон анборчии корхонаи мазкур мебошад, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button