ВидеоҶомеа

ФАВРӢ! БОЗДОШТИ СЕ ГУМОНБАРИ ҚАТЛИ ЧОР УЗВИ ЯК ОИЛА ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷайҳун нахустин гумонбарон дар куштори 4 узви оилаи Маҳмадовҳо дар деҳаи Тарғокро дастгир кардаанд. Дар ин бораи рӯзи 14 июн хабаргузории “Азия Плюс” хабар дод.

“Ҳарчанд ангезаи куштор то ҳол маълум нест, вале бино ба маълумоте, ки аз як хешованди феълан дар хориҷи кишвар қарордоштаи ин хонавода ба даст расид, мақомот бо гумони даст доштан дар ин куштор се нафарро дастгир кардаанд”, – хабар додааст “Азия Плюс”.

Тафсилоти дигар, аз ҷумла шахсияти гумонбарон ва далелҳои мавриди шакку шубҳа қарор гирифтану дастгир шудани онҳо, ҳамчунин ангеза ва сабабҳои куштори бераҳмонаи Аҳлиддин Маҳмадов ва се фарзанди ноболиғи ӯ норӯшан боқӣ мемонанд. Мақомоти милиса ва додситонии ноҳияи Ҷайҳун, ки масъулияти таҳқиқи куштори субҳи 12 июн дар деҳаи Тарғокро бар дӯш доранд, то кунун дар бораи ин ҳодиса  ва ҷараёни таҳқиқот ягон шарҳ намедиҳанд. Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ки ҳанӯз рӯзи шанбе ваъдаи шарҳи ин қазияи пурсарусадоро дода буд, низ то кунун хомӯширо ихтиёр кардааст.

dav

Ёдовар мешавем, субҳи шанбе, 12 июн дар деҳаи Тарғоки ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Аҳлиддин Маҳмадов, як сокини 39-солаи Тарғок, ки ба деҳқонӣ машғул буд, ҳамроҳи се фарзанди ноболиғаш кушта шуда, ҳамсари ӯ ва як духтараш тавонистаанд аз дасти қотилон фирор кунанд ва бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бистарӣ карда шудаанд.

Соли таваллуди фарзандони кушташудаи ин хонадон  2007, 2008 ва 2010 буда, ба гуфтаи сокинон ҳамаи онҳо аз қисмати сар бо табар ваё ашёи кунди монанд ба табар зарба хӯрдаанд.

То ҳол далели бо чунин бераҳмии хос куштани Аҳлиддин Маҳмадов фарзандони кӯчакаш, ки ҳамагӣ 11, 13 ва 14 сол доштанд, рӯшан нест.

Ноҳияи Ҷайҳун дар ҷануби Тоҷикистон дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир аст. Дар Ҷайҳун 126 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Аксар сокинони Ҷайҳун ба деҳқонӣ машғул мебошанд. Ин ноҳия қаблан Қумсангир ном дошт ва соли 2016 ба Ҷайҳун табдили ном кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button