Хабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҲАСАНАБОД, ҒОРАТГАРӢ ДАР ЧИМТЕППА ВА ГОВДУЗДӢ ДАР ПӮЛОТОН

Рӯзи 31 май, тахминан соати 11:30, ронандаи мошини тамғаи «Ҷинбеи”, Оев Эраҷ Ғафорович, с.т. 1982, сокини ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳаи Ҳасанободи ҷамоати Зайнабобод аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, мошинро ба чуқурии канори роҳ чаппа кардааст. Дар натиҷа, ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофираш Мамадраҷабов Фирӯз, с.т. 1999, сокини ҷамоати Эсанбой ҷароҳат бардоштааст.

хххххх

Як ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе ва шариконаш “Тоҳир” ва “Малиш” ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 25 ба 26 май, соати 00:30 дар ҳудуди ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ як ҷавони 25-солаи сокини пойтахтро латтукӯб карда, бо роҳи зӯроварӣ телефони мобилии ӯ, тамғаи “Ҳуавей Ю-6”-ро, ки арзишаш 1 350 сомонист, кашида гирифтаанд. Барои боздошти ин се нафар  чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
хххххх

Як ноболиғи 16-сола дар Конибодом барои он дастгир шуд, ки шаби30 ба 31 май  аз заминҳои хоҷагии деҳқонии Э.Бойматова, воқеъ дар ҷамоати Пӯлотон 1 сар чорвои калони мутааллиқ ба сокини 57-солаи  ин ҷамоатро дуздида, ба соҳиби гов 5 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 1 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ронанда дар натиҷаи ба чуқурӣ сарозер шудани воситаи нақлиёт

Рӯзи 31-уми майи соли 2021, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЖИНБЕИ”, Оев Эраҷ Ғафорович, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти роҳи мошингарди ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳаи Ҳасанободи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба чуқурии канори роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Мамадраҷабов Фирӯз Файзуллоевич, соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи ҳамин ноҳия ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегардад.
Ронандаи автомашинаи мазкур Оев Э.Ғ. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 25 ба 26-уми майи соли 2021, тахминан соати 00:30-дақиқа, ҳангоми дар ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи мазкур қарор доштанаш, 3-нафар шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ ӯро лату кӯб намуда, 1-адад телефони мобилӣ, тамғаи “Хуавей Ю-6”, ки арзишаш 1 ҳазору 350 сомониро ташкил медиҳад гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе бо “Тоҳир” ва “Малиш” ном шахсон содир намудаанд. Барои дастгир намудани номбурдагон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Боздошт гардидани ноболиғи 16-сола бо гумони дуздии чорво

Ба ШВКД дар шаҳри Конибодом бо ариза марди 57-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 30 ба 31-уми майи соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои саҳроии хоҷагии деҳқонии «Э.Бойматов», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Пулотон 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button