ВидеоТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 25 АПРЕЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими якшанбе, 25 апрели Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.  Дар ин барнома:

ҶОНБЕЗОР ШУДЕМ! ШИКОЯТИ ТОҶИРОНИ ИСФАРА АЗ МАҚОМОТИ АНДОЗ

5 ҶАВОН БАЪДИ ЯК САДАМАИ МУДҲИШ ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД ЗИНДА МОНДААНД

ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК БО НОМУ НАСАБИ НАВ 7 БОР БА РУСИЯ САФАР КАРДААСТ

ЧОРВОИ ХАЛҚРО БО ЧАРОГОҲ ТАЪМИН КУНЕД! ДАХОЛАТИ ДОДСИТОНИИ КУЛ БА БАҲСИ ЗАМИН ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

“ИСТИҚЛОЛ” ЯКЕ АЗ ДАСТАҲОИ ЗӮРТАРИНИ ОСИЁРО БО ҲИСОБИ БУЗУРГИ 4:1 ШИКАСТ ДОД

ЗОДРӮЗИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА:  ГЕНЕРАЛ ВА ШОИРИ ДАСТПАРВАРИ ДОНИШКАДАИ КИШОВАРЗӢ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Як гуруҳи тоҷирони Исфара ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” шикоят карданд, ки як ҳафта боз як гуруҳи корӣ аз раёсати андози вилояти Суғд  дар Исфара қарор дошта, соҳибкоронро саросару бепуштпушт ва дар бисёр мавридҳо бедалел ҷарима мебанданд. Тоҷирон мегӯянд, онҳоеро, ки аз пардохти ҷарима  ваё пардохти “доля” ба санҷишгарон сарпечӣ мекунанд, ба дари дӯконҳояшон муҳр мезананд. Ба гуфтаи тоҷирон, мақомоти андоз зоҳиран бо чунин усул мехоҳанд нақшаи андозро иҷро кунанд, вале дар амал таъқибу фишор ба соҳибкорон, ба ақидаи онҳо, натиҷаи баракс медиҳад ва ҳам хилофи сиёсати президент Эмомалӣ Раҳмон аст, ки доимо эҷоди сабукӣ барои аҳли тиҷорат ва пешгирӣ аз санҷишҳои пайдарпаю нолозимро аз мақомот талаб мекунад.

 “Ҳатто  дар ҳоле ки ҳармоҳа маблағи андозро саривақт пардохт карда бошед, ин кормандони андоз баҳонаи дигаре ҳатман пайдо мекунанд ва шароите сохтаанд, ки ё бояд ҷарима шавӣ, ё ба онҳо панҷ ҳазор сомонӣ ҳамчун пора  бидиҳӣ. Агар сар бипечӣ, дари дӯконатро муҳр мезананд”, – нақл карданд тоҷирони Исфара.

Бозори марказии Исфара

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”,  дари чандин дӯконро ба сабаби пардохт накардани ҷарима ё саркашӣ аз додани “доля” муҳр задаанд ва бархе дигар аз тоҷирони Исфара аз тарси ба чанги  кормандони андози вилоят наафтодан дари дӯконҳои худро қуфл зада, тибқи мақоли “аз девори каҷ ҳазар” дар ин шабу рӯзи санҷиш фаъолияти худро боздоштаанд.

“Ҳоло шароит ба ҳама маълум аст, кор нест, мардум пул надорад, ки омада харид кунад,  мо ҳам пул надорем, ки бароварда ба онҳо  панҷ ҳазор сомонӣ бидиҳем. Вале онҳо инро намефаҳманд, ё  бояд ҳақашонро бидиҳем, вагарна ҷарима мекунанд, Додамонро ба куҷо гӯем, намедонем”, – мегӯянд ин тоҷирон.

Онҳо меафзоянд, ки президенти Тоҷикистон ҳамеша дар суханрониҳои худ таъкид мекунанд, ки барои соҳибкорону тоҷирон сабукэ эҷод кунед, онҳоро бо санҷишҳои пайдарпай ва нозарур ҷонбезор накунед,  вале ин таъкидҳо зоҳиран ба кормандони андози вилояти Суғд таъсире надорад.

Ин бори аввал нест, ки шикоятҳои тоҷирон рейдҳои кормандони андози вилояти Суғд  расонавӣ мешаванд. Соли гузашта соҳибкорони шаҳри Панҷакент низ аз рафтори гуруҳи кории раёсати андози ин вилоят шикоят карда буданд. Дар пайи он шикоятҳо гуруҳи кории раёсати андози Суғд бошитоб тарки Панҷакент кард.

хххх

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки ронанда ва 4 мусофири як мошин бо вуҷуди сарозер шудан ба як вартаи умқаш 15-20 метр дар мавзеи Работи ноҳияи Айнӣ, хушбахтона, ҳама зинда мондаанд. Ҳамаи онҳо ҷавонони аз 18 то 22-сола будаанд.

Бино ба ин манбаъ, садама субҳи 23 апрел, соати 8:30 дар километри 100-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар мавзеи Работи ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ рух додааст.

Мошини тамғаи “Тойота Кемри”, ки таҳти идораи як сокини 20-солаи пойтахт аз Душанбе ба самти Хуҷанд ҳаракат мекард, дар ин қисмати роҳ дар соҳили Фондарё ба як ҷарии умқаш то 20 метр сарозер шудааст.

«Дар натиҷа ронанда бо  4  нафар ҳамсафаронаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар водии Зарафшон аз дохили мошин берун оварда шуда, ба беморхонаи ноҳиявии ноҳияи Айнӣ бистарӣ карда шуданд. Айни ҳол онҳо таҳти назорати табибон қарор доранд», – гуфта мешавад дар иттилоияи КҲФ.

Қаблан ВКД хабар дод, ки рӯзи 23 апрел, тахминан соати 10:40, дар роҳи Айнӣ – Панҷакент дар ҳудуди деҳаи Сӯфиёни ҷамоати Халифа Ҳасан дар канори шаҳри Панҷакент бар асари бархӯрди мошини “Дэу Лабо” бо як харароба, соҳиби ароба, сокини 74-солаи ҷамоати Халифа Ҳасан Холмуродов Нормурод  ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. ВКД гуфт, ронандаи «Дэу-Лабо», Солиҳов Парвиз, сокини 48-солаи шаҳри Панҷакент, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба харароба бархӯрдааст.

 Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистн то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

ххххх

Додситонии ноҳияи Қазони вилояти Тюмен парвандаи як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистонро, ки бо вуҷуди дар рӯйхатти сиёҳ будани номаш 7 маротиба ба Русия сафар кардааст, ба додгоҳ фиристодааст. Сомонаи маҳаллии «Вслух.Ру» бар асоси маводи парвандаи ин ҷавони тоҷик хабар дод, ки ӯро моҳи ноябри соли 2015 барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия аз ин кишвар берун карда, барои 5 сол, яъне то ноябри соли 2020 аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрумаш кардаанд.

Аммо ҷавони тоҷик баъди бозгашт ба Тоҷикистон, ному насаби худро иваз карда, аз моҳи апрели соли 2016 то моҳи марти соли 2018 дар маҷмӯъ 7 маротиба бо ному насаби нав тавассути гузаргоҳҳои Петухово дар вилояти Курган, ноҳияи Қазони вилояти Тюмен ва аз тариқи шаҳри Нижневартовски ҳавзаи мухтори Ханти ва Манси вориди Русия шудааст.

Моҳи ноябри соли 2020 ӯ дар шаҳри Нижневартовск барои гирифтани патент ҳуҷҷат супоридааст ва ҳангоми тафтиши аснод ва бар асоси изи ангуштонаш маълум кардаанд, ки ин довталаби патент дақиқан ҳамонест, ки аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум карда шуда буд.

Баъди ин ба зидди ин муҳоҷири тоҷик парванда кушода, ӯро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд ва моҳи марти соли 2021 дар шаҳри Сургут дастгираш карда, ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.

Бар асоси моддаи 322-юми Кодекси ҷиноятии Русия, ба ин муҳоҷири ҷавони тоҷик, барои убури ғайриқонунии марзи Русия бо вуҷуди манъи вурудаш ба ин кишвар ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи то 300 ҳазор рубл, ё то 4 сол корҳои ислоҳӣ ё то 4 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Мақомоти Русия дар солҳои охир садҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум карданд. Маъмулан муҳоҷиронро барои 3 ё 5 сол аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум мекунанд, вале онҳое ҳам ҳастанд, ки барои 10 ва 25 сол ва бархе ҳатто барои мудомулумр ҳаққи убури марзи Русияро аз даст додаанд.

Дар соли 2018 шумори он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба рӯйхатти сиёҳи Русия афтода, ҳаққи убури марзи он кишварро аз даст дода буданд, аз 300 ҳазор нафар гузашта буд. Он сол 104 ҳазор нафар аз муҳоҷирони тоҷик мавриди афв қарор гирифтанд, вале рӯйхатти сиёҳи муҳоҷирони тоҷики мамнӯъулвуруд хеле зуд аз ҳисоби ихроҷҳои навбанав дигарбора пур шуд.

Муҳоҷирати корӣ ба Русия як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон ва барои бисёре аз оилаҳо ҳатто манбаи ягонаи таъмини зиндагӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, аксари онҳое, ки аз Русия ихроҷ мешаванд ва дар Тоҷикистон кори шоистае барои пешбурди рӯзгорашон пайдо намекунанд, маҷбур мешаванд, ки ному насаби худро иваз кунанд ва дубора таваккал карда, роҳи Русияро пеш бигиранд. Як бахши онҳо бо ному насаби нав дар Русия кор мекунанд, вале даҳҳо тани дигар ба даст меафтанд ва аксаран ҳангоми гирифтани изи ангушташон дар вақти супурдани ҳуҷҷат барои сабти ном ё гирифтани патент.

хххххх

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки ин низод ахиран шикояти дастаҷамхии сокинони деҳаи Гулрӯд (собиқ Қудуқ)-и ноҳияи Восеъро дар мавриди  ғасби тамоми заминҳои чарогоҳ дар атрофи ин деҳа аз сӯи хоҷагиҳои деҳқонии “Ҳоҷӣ Довуд” ва “Сурхоб” мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дар ҷараёни баррасӣ муайян шудааст, ки бо қарори раиси ноҳияи Восеъ аз 24 декабри соли 2018, №224 барои ташкили хоҷагии деҳқонии “Хоҷӣ Довуд” ба шаҳрванд Фарезов Ҳ. – 197,3  га замин,  аз  ҷумла 47,75 га  замини корами лалмӣ, 138,85 га замини чарогоҳ, 10,70 га  ҷариҳо барои  истифодабарии  мероси якумра ҷудо карда шудааст. Ва азбаски заминҳои ин хоҷагӣ дар паҳлуи деҳаи Гулрӯд ҷойгир шудаанд, роҳбари “Ҳоҷӣ Довуд” чаронидани чорвои шахсии сокинони деҳаро дар ҳудуди заминҳои хоҷагӣ манъ намудааст.

Ин боиси норозигии сокинон ва муроҷиати онҳо ба додситонӣ шудааст.

Додситонии кул мегӯяд, дар ҷараёни баррасӣ роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ худашон “ташаббус нишон дода”, розӣ шудаанд, ки аз ҳисоби заминҳои худ барои халқ замини чарогоҳ ҷудо кунанд.  Аз ҷумла хоҷагии деҳқонии “Хоҷӣ Довуд” розӣ шудааст, ки 40 гектар аз заминҳояшро ва хоҷагии деҳқонии “Сурхоб” 15 гектар аз заминҳои худро дар ихтиёри халқи Гулрӯд (Қудуқ) гузоранд. Додситонии кул дар ин бобат бо дархости ҳалли мушкилоти ба амал омада ва ҷудо намудани  замин барои  чарогоҳ ба сокинони деҳаи Гулрӯд (Қудук)  ба раиси ноҳияи Восеъ мактуби расмӣ ирсол кардааст ва бино ба иттилои маркази матбуоти додситонии кул, “тибқи Қарори Раиси ноҳияи Восеъ аз 19 апрели соли 2021, №422 ҳуқуқи истифодаи 40 га қитъаи замини хоҷагии деҳқонии “Хоҷи Довуд” қатъ гардида, барои минбаъд ҳамчун чарогоҳ аз тарафи сокинони деҳаи Гулруд (Қудук) истифода намудан вобаста карда шуда,масъалаи ба фонди махсус гузаронида шудани 15 га қитъаи замини чарогоҳ аз ҳисоби хоҷагии деҳқонии “Сурхоб” феълан дар ҷараёни баррасӣ қарор дорад.”

Солҳои охир бисёре аз заминҳои чарогоҳ дар атрофи рустоҳо дар Тоҷикистон, ки дар тӯли даҳсолаҳо барои чаронидани чорвои мардум истифода мешуд, ба ихтиёри соҳибкорону пулдорон дода шуданд ва дар натиҷа, мардум аз имкони чаронидани чорвояш маҳрум шуд. Ин мавҷи норозигиҳоро дар байни сокинони деҳот, бахусус чорводорон, ба бор овардааст.

ххххххххх

Чемпиони Тоҷикистон “Истиқлол” (Душанбе) дар даври чоруми мусобиқоти гуруҳии Лига чемпионҳои Осиё-2021 дар чоргонаи “А” дастаи “Ал-Ҳилол” аз Арабистони Саудиро дар майдони худаш бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. Ин бозӣ шаби 25 апрел дар варзишгоҳи “Музоҳимия” дар Ар-Риёз, пойтахти Саудия баргузор шуд.

Ҳарчанд ҳисобро дар ин бозӣ “Ал-Ҳилол” кушод (Бафетимби Гомис дар дақиқаи 24), ба футболбозони “Истиқлол” барои задани 4 тӯб ба дарвозаи “Ал-Ҳилол” ҳамагӣ 13 дақиқа кифоят кард – ибтидо Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаҳои 39 ва 44 ва сипас ҳамноми ӯ Манучеҳр Сафаров дар  дақиқаҳои 49 ва 52 ба дарвозаи саудиҳо 4 тӯб зада, барои “Истиқлол” 3 имтиёз ва мақоми якум дар гуруҳи “А” –ро таъмин карданд.

Дар ду даври боқимонда, ки то 30 апрел давом мекунанд,  ба “Истиқлол”  дар рақобатҳо бо дастаи ӯзбекистонии АГМК (Олмалиқ)  ва дастаи “Ал-Шабоб-ал-Аҳлӣ” аз Имороти Муттаҳидаи Араб дигар танҳо 3 имтиёз кофист, ки ба даври баъдии ҳаштякниҳоии Лигаи чемпионҳои AFC-2021  роҳ биёбад. Дастаҳои довталаб дар Лигаи чемпионҳои Осиё дар 10 гуруҳ дар ду минтақаи Шарқ ва Ғарб ( дар ҳар кадомаш – 5 гуруҳ) тақсим шудаанд. Ба даври ҳаштяниҳоӣ ғолибони ин 10 гуруҳ ва 6 дастаи соҳиби ҷои дуюм, ки натиҷаи аз дигарон беҳтар ба даст овардаанд, роҳ дода мешаванд.

Ёдовар мешавем,  дар даври якуми Лигаи чемпионҳои АФК-2021 дар чоргонаи «А» чемпиони Тоҷикистон бозиашро бо дастаи “Ал-Шабоб-ал-Аҳлӣ” аз Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби мусовӣ (0:0) анҷом дода, дар даври дуюм бар финалисти Ҷоми Ӯзбекистон – дастаи АГМК (Олмалиқ) бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. “Истиқлол” дар даври сеюм бори аввал маззаи шикастро чашид ва бозиашро ба “Ал-Ҳилол” бо натиҷаи 1:3 бохт. Вале чемпиони Тоҷикистон тавонист дар даври чорум ниқорашро аз ин даста бигирад ва он ҳам бо пирӯзии бузург бо ҳисоби 4:1.

“Истиқлол” –и Душанбе дар поёни соли 2007 таъсис ёфта, алакай соли 2010 тавонист якбора се ҷоизаи асосии футболи Тоҷикистон – ҳам унвони қаҳрамонӣ, ҳам Ҷом ва ҷам Шоҳҷоми футболи ин кишварро ба даст биорад. Дар таърихи кӯтоҳаш “Истиқлол” алакай 9 маротиба чемпиони Тоҷикистон шуда, 8 маротиба Ҷоми футболи ин кишвар ва 10 маротиба Шоҳҷомро ба даст овардааст.

“Истиқлол” –и Душанберо 13 сол пеш як гуруҳи ҷавонон ба раҳбарии Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон  ва дӯсташ Шоҳрух Саидзода таъсис дода буданд. Рустами Эмомалӣ, ки ҳоло шаҳрдори Душанбе, раиси Маҷлиси миллӣ ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аст, дар оғоз худаш ҳам дар хатти ҳуҷуми “Истиқлол” бозӣ мекард. Подполковник Шоҳрух Саидзода, сардори раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон, то кунун президенти бошгоҳи “Истиқлол” мебошад.

ххххххх

Генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки аз соли 2012 дар мақоми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон кор мекунад, рӯзи 25 апрел ба синни 61 расид. Тарафдоронаш ӯро яке аз вазирони пуркор дар ҳукумати кунунӣ мешуморанд ва аз ҳунарҳои дигараш, чун шоҳмотбозӣ ва навиштани шеър низ тавсиф мекунанд. Аммо мунтақидон генерал Раҳимзодаро яке аз муаллифони сиёсати саркӯбгаронаи солҳои ахир дар Тоҷикистон меноманд ва барои амалҳое, чун табдили милитсияи тоҷик ба “пулиси сиёсӣ” ва таъсиси созмони зиддунақизи “Авангард”- яке аз бахшҳои “фермаи ҷавоб” танқид мекунанд.

Рамазон Раҳимзода 25 апрели соли 1960 дар Ховалинг ба дунё омада, соли 1982 риштаи муҳандисии Донишкадаи кишоварзиии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ ҳамчунин соли 1995  дар Душанбе Мактаби олии милитсия ва соли 2002 дар Маскав Академияи ВКД Русияро хатм кардааст.

Рамазон Раҳимзода собиқаи кориашро аз кор дар шуъбаи ОБХСС дар ноҳияи Муъминобод оғоз карда, баъдан дар ОБХСС ноҳияи Данғара ва дар мақоми муовини Султон Қувват дар ОБХСС вилояти Кӯлоб кор карда, солҳои 1992-1994 сардори ШКД ноҳияи Данғара ва солҳои 1994-2001 сардори ШКД ноҳияи Ховалингу шаҳри Норак ва баъдан муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ВКД буд.

Раҳимзода дар ибтидои солҳои 2000 барои чанд сол барои кор ва таҳсил ба Маскав рафт ва соли 2005 ба Душанбе баргашта, ибтидо муовини вазири корҳои дохилӣ ва соли 2007 сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД таъйин шуд.  Ӯ соли 2008 мудири Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президент таъйин шуда, соли 2009 ба ВКД, ба мақоми муовини аввали вазир баргашт ва 5 январи соли 2012 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шуд.
Рамазон Раҳимзода муаллифи чандин китоб дар риштаи фаъолияти фавриву ҷустуҷӯӣ буда, бо орденҳои “Спитамен” ва “Зарринтоҷ” сарфароз гардонда шудааст.

Генерал Раҳимзода ҳамчунин ба бозии шоҳмот таваҷҷуҳи вижа дошта, машқи шеър ҳам мекунад. Шеъру достонҳои ӯ бо тахаллуси Ниҳонӣ дар матбуот доим чоп мешаванд. Раҳимзода аз ҷумла  дар ситоиши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ чандин шеър навиштааст, ки яке аз онҳо бо номи “Ту меарзӣ”-ро Сурайё Қосим ҳамроҳи фарзандонаш Шабнаму Фарзона ва домоди собиқаш Фаридуни Хуршед ба риштаи оҳанг даровардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button