ВидеоТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ ТОҶИКИСТОН: 15 МАРТИ СОЛИ 2021

Дуруд, тамошобинони азиз!

Хулосаи хабарҳои муҳими рӯзи 15 марти Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод”

бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:

Ҳукми зиндони умрбод барои таҷовуз ва қатли як кӯдаки 11-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ

Корманди комиссариати ҳарбии Исфара  аз алибоев пора гирифтааст

Боздошти як сокини Бархоруғ барои “зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият”

Қатли як ҷавони 22сола дар маркази ноҳияи Ҳамадонӣ

Марги таксирони ҷавони тоҷик дар як садама дар Петербург (3 видео)

Mухлисони футболро ба тамошои бозии Тоҷикистон – Муғулистон  роҳ медиҳанд.

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 феврал зодаи шаҳри Ваҳдат Зафар Раҷабов, соли таваллудаш 1983-ро бо ҷурми таҷовуз ба номус ва қатли ваҳшиёнаи як духтарчаи соли таваллудаш 2009 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Маркази матбуоти додситонии кулли Тоҷикистон ин ҳукми Додгоҳи олиро “ҳукми одилона ба кирдори разилона” номида, бархе тафсилоти ин парвандаро нашр кардааст. Бино ба ин манбаъ, Зафар Раҷабов 25 августи соли 2020 соатҳои 12 30 дақиқа дар бозорчаи маҳаллаи 9-уми шаҳри Душанбе бо хурдсол З.Б., соли таваллудаш 2009, ки танҳо гаштугузор дошт вохӯрда, бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи шаҳвонии худ номбурдаро ҳамроҳи худ аз бозор ба истгоҳи шоҳроҳи Душанбе-Вахдат, ба макони хилватгоҳ бурдааст”.

Дар инҷо ҷинояткор дидаву дониста, ки номбурда хурдсол аст, ӯро ба оғӯш гирифта, мақсади поҷомаашро аз танаш бароварданӣ шудааст, ки З.Б. аз нияти нопоки Раҷабов З.С. огоҳ шуда, ба ӯ муқобилият нишон додааст. Раҷабов З.С. бо мақсади бартараф намудани муқобилияти З.Б., тариқи зӯроварӣ алоқаи ҷинсӣ намудан ва нафси шаҳвониашро қонеъ гардонидан як зарба ба рӯи охирин задааст, ки хурдсол ба замин афтода, паси сараш ба санг бархӯрда, дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, беҳолу бемадор рӯи замин афтодааст.  Баъдан Раҷабов З.С. аз вазъи оҷизонаи хурдсол З.Б. истифода бурда, ба номуси ӯ таҷовуз карда, нафси шаҳвониашро қонеъ гардонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.”

Кӯдаки ҷабрдида бар асари ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҳамон ҷойи ҳодиса  ҷон додааст.

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки Зикруллобеков Айнӣ Файзуллобекович, соли таваллудаш 1999, сокини маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ, ки қаблан нисбаташ тибқи моддаҳои 237 (авбошӣ), 328 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 330-и (таҳқири намояндаи ҳокимият) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида буд ва номбурда дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, рӯзи 12 март  дастгир карда шуд.

ВКД тафсилоти дигар айбномаи зидди ин ҷавони сокини Бархоруғро нашр накардааст. Аммо дар солҳои охир ин бори аввал нест, ки сокинони Хоруғ ва навоҳии дигари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо чунин иттиҳомҳое, чун “таҳқири намояндаи давлат” ваё “зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” дастгир карда мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз моҳи сентябри соли 2018 бо мақсади “барқарор кардани амният ва тартибот” ба Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва навоҳии атрофи он нирӯҳои иловагӣ фиристоданд. Бо гузашти инак дувуним сол ин нирӯҳои иловагӣ ҳамчунон дар Бадахшон боқӣ мондаанд.

хххххх

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи ҷиноятии Саидзода Рамазон, ёрдамчии калони зершуъбаи 2-уми Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфараро баъди анҷоми тафтишот ба додгоҳ супурдааст. Саидзода баи асоси қисми дуюми моддаи 247-уми КҶ ҶТ ба қаллобӣ айбдор мешавад. Маркази матбуоти Агентӣ гуфт, Рамазон Саидзода “бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд Алибоев А. барои аз хизмати харбӣ озод намудани бародараш-Алибоев О. бо роҳи қаллобӣ маблағи 9500 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст.”

Даъват ба саффи артиш яке аз соҳаҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ҳар мавсими даъват ба артиш дар бораи боздошти чандин корманди комиссариатҳои ҳарбӣ бо иттиҳоми гирифтани пора дар ивази аз хидмати ҳарбӣ озод кардани шаҳрвандон гузоришҳо ба даст мерасанд.

Як моҳ пеш ба қонун дар бора  ӯҳдадории ҳарбӣ дар Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки бар асоси он, ҷавонони синну соли даъватӣ аз ин ба баъд метавонанд бо пардохти маблағи муайян ва гузаштани як давраи кӯтоҳмуддати хидмат соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Ҳаҷми маблағе, ки дар ивази раҳоӣ аз хидмати ҳарбӣ бояд пардохта шавад, ҳанӯз аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон муайян карда нашудааст, вале бархе манобеъ мегӯянд, ки он тақрибан 25 то 28 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.

Даъват ба саффи артиш дар Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба  – моҳҳои апрел – май ва октябр – ноябр – доир мешавад. Дар ҳоле ки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон солона ба 7-8 ҳазор сарбоз ниёз доранд, шумори ҷавонони синну соли даъватӣ дар кишвар ҳудуди 700 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин барои масъулони даъват заминаи коррупсия ваё ба истилоҳ “пулкоркунӣ”ро аз ҳисоби ҷавононе, ки ба артиш рафтан намехоҳанд, фароҳам меорад.

Ххххххх

Сокини 28-солаи ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ бо гумони одамкушӣ дастгир шудааст. Бино ба иттилои ВКД,  ин мард шоми 11 март, тақрибан соати  20:20-дақиқа, дар назди бинои истиқоматиашон бо ҷавони 22-солаи сокини ҳамин шаҳрак муноқиша намуда, бо корд 2 маротиба ба қисмати қафаси синааш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбар бар асоси қисми якуми моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ххххх

Шаби 13 март, тақрибан соати 22, дар натиҷаи як садамаи марговар дар кӯчаи Наличная дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ронандаи такси – ҷавони зодаи Тоҷикистон,  соли таваллудаҳ 1994 дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Ба мошини тамғаи Volkswagen Polo, ки ҷавони тоҷик таксиронӣ  мекард, як ҷипи тамғаи Range Rover бо суръати баланд бархӯрд. Ронандаи ҷип маст будааст. Видеои лаҳзаи бархӯрди маргбори ин ду мошинро нашрияи маҳаллии «Невские новости» нашр кард.

Шумораи қурбониёни садама метавонист бештар ҳам шавад, чунки ронандаи  такси ҳамагӣ чанд лаҳза пеш аз бархӯрд мусофиронашро аз мошин фароварда буд. Бархӯрд чунон сахт буд, ки мошини такси чанд пора шуд ва ду мошини тамғаи Hyundai Solaris, ки дар чорроҳа мунтазири сабз шудани ранги чароғак истода буданд, низ осеб диданд. Як мусофирро бо ҷароҳатҳои нисбатан сабуктар ба бемористон интиқол додаанд.

Пулис гуфт, ронандаи такси ҳангоми баромадан ба роҳи асосӣ ба ронандаи ҷип имкони гузар надодааст. Вале ташхис нишон дод, ки ронандаи ҷип масти лояқил будааст (дар бадани ӯ  ҳаҷми машруботи нӯшидааш 1,8 промилле, яъне 6 маротиба бештар аз 0,3 промиллеи меъёр будааст).

Бино ба иттилои маркази матбуоти пулиси ноҳияи Василеостровский, ба ин далел ба зидди ронандаи ҷип бар асоси моддаи 264 (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ) парванда кушодаанд ва ба ӯ то 5 соли зиндон  таҳдид мекунад.

Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз зодагони Тоҷикистон ба далелҳои мухталиф ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Садамаҳои нақлиётӣ дар баробари фалокатҳо дар ҷои кор аз сабабҳои умдаи марги муҳоҷиони тоҷик дар Русия ном бурда мешавад.

ххххххх

ФИФА иҷозат додааст, ки бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Муғулистон бо иштироки мухлисон баргузор гардад. Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки бар асоси  мувофиқа бо ФИФА, ин бозиро шоми 19 март, соати 18 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе метавонанд то 10 ҳазор мухлис тамошо кунанд.

Аз моҳи апрели соли 2020 дар Тоҷикистон ба сабаби пандемияи коронавирус тамоми бозиҳои футбол бидуни иштироки мухлисон доир мешаванд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳоло иддао доранд, ки пандемияи коронавирусро дар кишвар фурӯ нишондаанд. Аз 1 январи соли 2021 дар Тоҷикистон расман ҳамагӣ 4 ҳолати сирояти коронавирус сабт шудааст.

Аз моҳи феврал баргузории намозҳо дар масҷидҳои кишвар иҷозат дода шуд ва манъи иштироки мухлисон дар бозиҳои футбол яке аз ангуштшумор чораҳои зидди коронавирус буд, ки то кунун дар Тоҷикистон амал мекард.

Вале Федератсияи футбол ҳанӯз эълон накардааст, ки оё мухлисон ба тамошои бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон низ роҳ дода хоҳанд шуд? Мавсими имсолаи футбол дар Тоҷикистон дар аввали моҳи апрел оғоз меёбад ва то моҳи ноябр давом хоҳад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button