ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

УЗВИ “ГУРУҲИ 24” БИЛОЛ ҚУРБОНАЛИЕВ БАЪДИ ИХРОҶАШ АЗ ОЛМОН БА 10 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳанӯз моҳи феврали соли 2024 Билол Қурбоналиев, узви ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24”-ро ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст. Як масъули додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 11 апрели соли 2024 бе зикри номаш ба радиои зану шӯ Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ)  гуфт, Билол Қурбоналиев “ба ташкили фаъолияти иттиҳоди ҷиноӣ гунаҳкор дониста шуд”.  Тибқи моддаи 307, иловаи 3, 10 соли зиндон ин ҷазои ҳадди аксар аст.

Маълум нест, ки оё худи Билол Қурбоналиев и иттиҳомро то куҷо пазируфтааст ва дар мурофиаи додгоҳӣ чӣ гуфтаааст? Ин ҳам маълум нест, ки оё ӯ вакили дифоъ дошт ваё чун дар аксари дигар парвандаҳои зидди фаъолони мухолифин, кори Билол Қурбоналиевро низ ба адвокати давлатӣ супурда буданд.

Назари наздикони Билол Қурбоналиев низ дастрас нест, вале дар “Гурӯҳи 24”  ҳукми зиндони ин узви фаъоли ин ҳаракатро сиёсӣ номида, маҳкум карданд.

Ҳусейн Ашӯров, ки баъди дар санаи 10 марти соли ҷорӣ дар Истанбули Туркия ғайб задани роҳбари ҳаракат Сӯҳроб Зафар иҷрокунандаи вазифаи раиси “Гурӯҳи 24” шудааст, ҳукми додгоҳро нисбат ба Билол Қурбоналиев “ғайриқонунӣ” хонд. Ӯ мегӯяд: “Додгоҳ дар Тоҷикистон мустақил нест ва ба нафъи хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон кор мекунад. Қурбоналиевро барои доштани ақидаи сиёсияш зиндонӣ карданд. Ҳадафи ҳукм хомӯш кардани садои озодихоҳон ва тарс додани қишри ҷавони кишвар аст. Аз ҳукумати Тоҷикистон ҳеч интизорӣ надорем, аммо аз ҳукуматҳои аврупоӣ мехоҳем фаъолони сиёсиеро, ки ҷонашон дар хатар аст, аз кишварҳояшон набояд ихроҷ кунанд.”

Эроди Ҳусейн Ашӯров ба мақомоти Олмон аст, ки 24 ноябри соли 2023 бо вуҷуди ҳушдорҳои зиёди мухолифини тоҷик ва ҳомиёни ҳуқуқ Билол Қурбоналиевро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.. Қурбоналиев яке аз онҳое буд, ки  дар поёни моҳи сентябр дар ҳамла бо тухм ба мошини президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин иштирок дошт ва ҳамсафонаш  аз он дар ташвиш буданд, ки ӯ дар Тоҷикистон ба сурати ногузир ба хатари азобу шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон дучор мешавад.

Билол Қурбоналиев баъди Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз собиқадорони ҳизби низ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзат (ҲНИТ), ки дар аввали соли 2023 аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ ва дар Тоҷикистон ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, инак дуюмин нафар аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон аст, ки аз Олмон ихроҷ ва дар Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шуд.

Билол Қурбоналиев (“Усмон”) дар канали Drama.Tj, ки аз ҷониби “Гуруҳи 24” дар Ютуб роҳандозӣ шудааст, фаъолона иштирок дошт. Дар ин канал ҳунарпешаҳои ҳаваскор филмҳои кӯтоҳеро дар бораи чӣ гуна шиканҷа кардану ба эътирофи гуноҳҳои нокарда водор кардани боздоштшудагон дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро ба саҳна мегузоштанд ва “Усмон” дар ин филмҳо асосан нақши қурбонии шиканҷаро бозӣ мекард.

Билол Қурбоналиев замони дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанаш, ба барномаҳои “Гуруҳи 24” пайваста, фаъолона дар он барномаҳо иштирок ва суханронӣ мекард ва баъдан аз тарси таъқиб аз Русия ба Украина рафт. 

Моҳи феврали соли 2022, дар пайи ҳамлаи Русия ба хоки Украина, кишварҳои Аврупо ба миллионҳо сокини Украина паноҳ дод. Бар асоси ба истилоҳ “банди 24” хориҷиҳое, ки дар Украина қарор доштанд, низ  имкони паноҳ бурдан ба кишварҳои Аврупоро ба даст оварданд. “Усмон” бар асоси ҳамин “банди 24” аз Украина ба Олмон омад ва инҷо ба сар мебурд.

Вале баъдан Иттиҳоди Аврупо “банди 24”-ро бозбинӣ карда,  имкони дарёфти паноҳандагӣ барои хориҷиҳои аз Украина ба Аврупо омадаро хеле маҳдуд кард. Баъди ин “Усмон” барои дарёфти паноҳандагӣ дар Олмон ариза дод, вале идораи муҳоҷирати Олмон дархости ӯро рад кард.

Рӯзҳои 28 ва 29 сентябри соли 2023, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нахустин нишасти сарони Осиёи Марказӣ ва Олмон ба Берлин омада буд, мухолифони тоҷик ба зидди сафари ӯ як силсила эътирозҳо доир карданд. Рӯзи 29 сентябр ба чанде аз аъзои “Гуруҳи 24” муяссар шуд, ки бо тухм ба корвони мошинҳои Эмомалӣ Раҳмон дар як кӯчаи Берлин  ҳамла кунанд. Дар акси нашршуда аз мулоқоти ӯ бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс дида мешуд, ки ҳадди ақал як тухм ба тирезаи мошини Эмомалӣ Раҳмон расидааст.

Ин амали мухолифин мавҷи таъқиботи ба сари худ бесобиқаи наздиконашон дар Тоҷикистонро ба бор овард. Ҳомиёни ҳуқуқ аз боздошти наздики 50 нафар аз хешовандони иштирокчиёни эътирозҳои Берлин хабар доданд.

Аммо Билол Қурбоналиев нахустин нафар аз иштирокчиёни ҳамла бо тухм ба мошини Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мақомоти Олмон ӯро ба Тоҷикистон супурданд.

“Гуруҳи 24” соли 2012 аз сӯи соҳибкори тоҷик Умаралӣ Қувватов баъди аз дасташ гирифтани тиҷоратҳояш ва тарки Тоҷикистон карданаш таъсис ёфтааст. Ин ҳаракат дар тобистони соли 2014 дар шаҳрҳои Русия бо талаби истеъфои ҳукумати Тоҷикистон як силсила эътирозҳо барпо кард ва рӯзи 10 октябр ҳамаро ба як гирдиҳамоии саросарӣ дар маркази Душанбе даъват кард. Ба ин гирдиҳамоӣ касе наомад, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро манъ ва онро созмони ифротӣ эълон кард. Асосгузори “Гуруҳи 24” моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истанбули Туркия дар пайи ноком шудани кӯшиши заҳр доданаш дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд. Даҳҳо узви ин ҳаракати оппозитсионӣ дар солҳои охир дар Тоҷикистону кишварҳои СНГ дастгир шуданд. Боқимонда аъзои “Гуруҳи 24” дар Туркия ва кишварҳои Аврупо паноҳ бурдаанд ва аз ҳамин ҷо ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button