ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК КИЛО ГӮШТ 40-50 СОМОНӢ, ПИЁЗУ САБЗӢ – 1 СОМОНӢ: ЯРМАРКАИ ПЕШ АЗ ИД ДАР ВКД

Ҳамасола дар арафаи таҷлили ҳама гуна иду ҷашнвораҳо бо ташаббус ва ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати дастгирӣ намудани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҳамзамон таъмин намудани онҳо бо маҳсулоти арзону хушсифат дар шафати бинои ВКД намоиш-фурӯши идона доир карда мешавад.

Бо ин мақсад, рӯзи 6-уми апрел бахшида ба Иди саиди Рамазон чунин намоиш-фурӯши маҳсулот иборат аз маводи хӯрока, аз қабили гушт, тухм, асал, картошка, пиёзу сабзӣ, намудҳои гуногуни меваҷот ва дигар маҳсулоти деҳқонӣ бо иштироки хоҷагиҳои ёрирасони мақомоти корҳои дохилӣ доир карда шуд.

Дар намоиш-фурӯши мазкур хоҷагиҳои ёрирасон аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ваҳдат, Ҳисор, Файзобод, Ҷайҳун, Шаҳринав, Хуросон, Ёвон, Рӯдакӣ, Шаҳритус, Панҷ, навоҳии минтақаи Рашт ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳсулоти худро бо нархҳои арзону дастрас аз 30 то 40 фоиз нисбатан ба бозор арзонтар ба фурӯш бароварданд.
Хоҷагиҳои ёрирасон ба харидорон 1 килограм гӯштро 40-50 сомонӣ, 1 кг биринҷ – 8 сомонӣ, 1 кг пиёз, картошка ва сабзӣ 1 сомонӣ, равған 5 литр 50 сомонӣ, шакар 8 сомонӣ, инчунин ҳама гуна шириниҳову мевагиҳо ва дигар маҳсулотро бо нархҳои дастрас ва як қисми онро ройгон пешкаши харидорон намуданд.
Р. Илёсов

Маркази матбуоти ВКД ҶТ

Ташкили ярмаркаҳо барои кормандони ВКД дар арафаи иду ҷашнҳо дар ҷомиа вокунишҳои гуногунро ба вуҷуд меорад. Бархе аз ин ташаббус интиқод мекунанд ва мегӯянд, кормандони милитсия бе ин ҳам имконияти назар ба дигарон хубтар барои харидани маҳсулоти хӯроквориро доранд ва беҳтар ин аст, ки чунин ярмаркаҳо барои мардуми ниёзманд ташкил карда мешуд. Аммо дигарон ташаббуси раҳбарияти вазорати корҳои дохилиро намунаи ибрат ва пайравӣ барои роҳбарони дигар вазорату муассисаҳо медонанд ва мегӯянд, ғамхорӣ дар ҳаққи коргар бояд қадрдонӣ ва ситоиш шавад, на накӯҳишу мазаммат.

583
584
585

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button