ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ЧАРХҲОИ ҲАВОПАЙМОИ ХУҶАНД – НОВОСИБИРСК ҲАНГОМИ НИШАСТАН КУШОДА НАШУД

Ҳавопаймои ширкати русии ҳавопаймоии S7 (“Сибирь”), ки  аз Тоҷикистон бо хатсайри Хуҷанд— Новосибирск мусофир мекашонд (парвози № 5556), ҳангоми нишастан дар фурудгоҳи Толмачёвои шаҳри Новосибирски Русия дучори мушкил шудааст. Бино ба гузориши Телеграм-канали Аviaincident, ки ҳодисаҳои фавқулодда ҳангоми парвозҳо ва дар фурудгоҳҳо дар саросари ҷаҳонро пайгирӣ мекунад, шасси ё чархҳои ҳавопаймо ҳангоми фуруд омадан кушода нашуд.

Ин ҳодиса шаби 6 апрели соли 2024, соати 21:44 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

Нозироти фурудгоҳи Толмачёво хабар додааст, ки ҳавопаймо ҳангоми кушодани шасси, яъне  чархҳои пешаш дучори мушкил шудааст. Вале бо вуҷуди мушкили фаннӣ, ба сархалабон муяссар шудааст, ки ҳавопайморо бомуваффақият ва бидуни осеб бишинонад. Гуфта мешавад, ҳавопаймои тамғаи “Аэробус А-321” тавонист, ки мустақилона хатти парвозу фурудро холӣ карда, то макони истгоҳаш бирасад.

 “Баъди аз нав сар додани барнома, низоми идори қисмати пеши шасси барқарор карда шуд”, – хабар додааст канали “Авиаинцидент”.

И ҳодисаи фавқулодда дар рӯзҳои авҷ гирифтани мавсими нави муҳоҷират аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия рух дод. Ҳар сол миллионҳо нафар аз аҳолии қобили кор аз ин минтақа, асосан аз Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистон ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд. Пулҳои аз Русия фиристодаи муҳоҷирон як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар ин 3 кишвари муҳоҷирфирист ба шумор мераванд.

Аммо имсол сояи ҳамлаи хунини террористӣ дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар канори Маскав  бисёре аз муҳоҷиронро водор кардааст, ки сафари худ ба Русия барои мардикориро то рӯшан шудани вазъият ба таъхир биандозанд. Ҳамлаи рӯзи 22 март дар  “Крокус” 144 кушта ба ҷо гузошт ва зодагони Тоҷикистонро ба он айбдор мекунанд. Ба ин далел, муҳоҷирон нигаронанд, ки баъди ин ҳамлаи хунин муносибати ҳам мақомот ва ҳам сокинони Русия нисбат ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, бавижа нисбат ба тоҷикҳо, тағйир хоҳад ёфт ва онҳоро шароити бох ҳам бадтари кору зиндагӣ дар Русия дар пеш аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button