ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНЗАН БАРОИ ДУЗДИВУ КИСАБУРӢ ДАР БОЗОРИ “КОРВОН”

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти дузди кисабуре хабар дод, ки дар бозори “Корво” амал мекард ва дар байни камтар аз як моҳ ҷайбу сумкаи дастикам 5 нафарро холӣ карда, пулу телефону ороишоти тиллоии онҳоро ба маблағи 42 ҳазор сомонӣ “рӯфтааст”. Маълум мешавад, ки ин дузди моҳир, ки дар як моҳ 3800 доллар “кор кард”, … як ҷавонзан будааст.

Бино ба гузориши маркази матбуоти ВКД, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 40-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 6-уми марти соли 2024, тахминан соати 11:30, шахси номаълум дар дохили бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҷузвдонаш 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-12», 1-адад дастпонаи тиллоӣ, 1-адад ангуштарини тиллоӣ ва 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 249 сомониро ташкил дод.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 30-солаи сокини ноҳияи Балҷувон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ин зан ба он гумонбар мешавад, ки бо ҳамин роҳ рӯзи 9-уми марти соли 2024, тахминан соати 15:30, дар дохили ҳамин бозори “Корвон” бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҳамёни зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе 15-сомонӣ, 200-доллари амрикоӣ, 2-адад ангуштарини тиллоӣ ва 2-адад шиносномаи миллиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 25 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Ҳамзамон, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ 9-уми марти соли 2024, тахминан соати 15:30, дар дохили бозори “Корвон”бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҳамёни зани 59-солаи сокини пойтахт 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми-5», 1-адад шиносномаи миллӣ ва 3 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ 26-уми марти соли 2024, тахминан соати 14:30, дар дохили бозори “Корвон”бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҳамёни зани 45-солаи сокини шаҳри Душанбе 3 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Гумонбаршаванда ба кирдори ҷиноии худ идома дода, 2-юми апрели соли 2024, тахминан соати 12:30, дар дохили бозори “Корвон” бо роҳи пинҳонӣ аз дохили халтаи полиэтиленӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-С-22”-ро, ки ба зани 66-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дошт, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари ба ин зан расонидашуда 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, зарари ба мардум расонидаи ин зан 42 ҳазору 249 сомониро, ё тақрибан 3800 долларро ташкил додааст.

Тафсилоти дигари парванда дастрас нест. ВКД гуфт, таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Дуздӣ ҷинояти аз ҳама роиҷ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 21 ҳазору 319 ҷинояти соли 2023 дар ин ҷумҳурӣ сабтшуда, 4241 ҷинояташ, яъне ҳар ҷинояти панҷум дуздӣ будааст. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 5240 дуздӣ сабт шуда буд, ки қариб чоряки ҷамъи ҷиноятҳои солро ташкил медод.

Аммо омори расмӣ ҳамаи дуздиҳои дар кишвар содиршударо дар бар намегирад. Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандон муроҷиат ба мақомотро бесамар дониста, ё худашон мустақилона дар пайи ҷустуҷӯи дузд мешаванд ваё ба Худо ҳаволааш мекунанд.

Моддаи 244, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо барои дуздӣ вобаста ба ҳолатҳои чунин ҷиноят ва оқибатҳояш аз 2 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Аммо бо ҷурми дуздӣ дар Тоҷикистон аксаран мардон ба даст меафтанд.  Даст ба дуздӣ задани занону духтарон дар Тоҷикистон ҳодисаи нодир аст, чунки дар ҷомиа дуздӣ кардани зан як амали нангин ба шумор рафта, ӯву хонаводаашро дучори шармсорӣ ва бадномӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button