Ҳодиса

ТУРКИЯ ТОҶИКИСТОНРО АЗ ҶОРӢ КАРДАНИ ВИЗА БАРОИ ТОҶИКҲО ҲАТТО ХАБАРДОР НАКАРДААСТ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки аз ҷониби Туркия дар бораи ҷорӣ шудани виза барои шаҳрвандони тоҷик расман ягон иттилоъ нагирифтааст.

Шоҳин Самадӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 6 апрели соли 2024 ба “Азия Плюс” дар ин робита гуфт: “Тибқи таҷрибаи байналмилалӣ, ҷониби Туркия мебоист аз қабл ҷониби Тоҷикистонро аз санаи ҷорӣ шудани низоми раводид (виза) хабардор мекард. Таъкид мекунем, ки чунин маълумоттро ҷониби Тоҷикистон бо каналҳои дипломатӣ то ҳол нагирифтааст”.

Самадӣ афзуд, ки ба ин далел вазорат ба он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қасди сафари Туркияро доранд, тавсия медиҳад, ки тамоми асноди заруриро бо диққат омода кунанд.

 “Ба он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Туркия ба ҳайси нуқтаи транзитӣ барои сафар ба кишварҳои сеюм истифода бурданианд, тавсия медиҳем, ки ба ҷои Туркия масирҳои дигарро барои сафари худ биҷӯянд”.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъкид кард, ки Душанбе низ дар асоси асли посухи мутақобила масъалаи ҷорӣ кардани виза барои шаҳрвандони Туркияро баррасӣ мекунад. Вале Шоҳин Самадӣ дар ин бора тафсилот надодааст.

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи хабарии Your.TJ бо такя ба “як манбаи огоҳ” хабар дод, ки низоми раводид (виза) барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия аз 20 апрели соли 2024 ҷорӣ мешавад ва то 20 апрел шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни мушкилот вориди Туркия шаванд.

Ин манбаъ ба мусофирони роҳии Туркия тавсия додааст, ки аз 15 апрел ҳангоми банд кардан ваё харидани чиптаҳо аз ширкати ҳавопаймоӣ дар бораи раводид маълумоти пурра талаб кунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳанӯз маълум нест, раводид тавассути сафорат гирифта мешавад ё ҳангоми расидан ба фурудгоҳ онро ба даст овардан мумкин аст?

“Ёр.Тҷ” ҳамчунин зикр кардааст, ки имсол дар Туркия ба муносибати Иди Фитр таътили тӯлонӣ эълон шудааст ва мардум аз 6 апрел то 14 апрел иду истироҳат мекунанд.

Тавре қаблан хабар додем, шаби 5 ба 6 апрели соли 2024 дар нашрияи расмии ҳукумати Туркия Resmi gazete фармони президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон. Дар ин фармон, ки аз рӯзи нашраш, яъне 6 апрел ба иҷро даромад, гуфта мешавад ки:  “Қарор карда шуд, ки режими бидуни раводид барои сафар ба Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаҳои хориҷии оддӣ доранд, бекор карда шавад”.

Тартиби нави сафарҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Туркия ҳанӯз рӯшан нест, ки чӣ гуна хоҳад буд? Онҳо бояд аз қабл барои дарёфти виза ба консулгариҳои Туркия муроҷиат кунанд ваё ба тоҷикистониҳо имкони дар фурудгоҳҳои Туркия дархост кардани визаи вуруд боқӣ гузошта мешавад?

Дар бораи сабаби чунин қарори ҳукумати Туркия низ то кунун шарҳе нашр нашудааст. Вале тасмими Туркия дар мавриди бекор кардани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи силсилаи ҳамлаҳои террористии аз номи созмони террористии ДОИШ дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла дар Туркия, бо иштироки зодагони Тоҷикистон суратгирифта эълон шуд.

Аз ҷумла барои ҳамлаи мусаллаҳонаи моҳи январи соли 2024 ба калисои католикӣ дар шаҳри Истанбул, ки боиси ҳалокати як шаҳрванди Туркия шуд, ду нафар дастгир шуданд, ки якеаш аз Русия ва дуюмаг зодаи Тоҷикистон Амирҷон Холиқов буд.

Алакай дар пайи ин ҳамла тафтиши мусофирон аз Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Истанбул шадид карда буданд. Мусофирони тоҷик шикоят мекарданд, ки онҳоро бидуни чиптаи бозгашт ба Туркия роҳ намедиҳанд ва ҳатто агар чиптаи бозгашт дар даст дошта бошанд, бояд дар марз нишон бидиҳанд ва собит кунанд, ки барои муддати зиндагиашон дар Туркия бо худ маблағи кофӣ доранд.

Ҳамин тавр,  дастикам ду нафар аз омилони ҳамлаи хунини рӯзи 22 март дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, ки онҳо ҳам аз Тоҷикистонанд, дар аввали соли ҷорӣ ба Туркия сафар карда буданд. Гумон меравад, ки онҳоро барои машқ додан ба пойгоҳҳои махфии гуруҳҳои террористӣ бурдаанд.

Ахиран дар асоси баёноти додаи Фаридуни Шамсиддин, ки ӯро саркардаи ҳамлагарон мешуморанд, дар Туркия 51 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ дастгир карданд. Ҳамин тавр, шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Фозилҷон А. ва шарики 41-солаи ӯ аз Қирғизистон бо номи Зулфия С. бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар Туркия дастгир шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button