Минтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ТУРКИЯ БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ НАВ ВИЗА ҶОРӢ КАРД

Туркия режими бидуни раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор кард ва он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаи оддии хориҷӣ доранд, ҳаққи бидуни виза даромадан ба қаламрави Туркия аз даст доданд. Матни фармони президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон шаби 6 апрели соли 2024 дар нашрияи расмии ҳукумати он кишвар Resmi gazete нашр шуд.

“Қарор карда шуд, ки режими бидуни раводид барои сафар ба Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаҳои хориҷии оддӣ доранд, бекор карда шавад “, – гуфта мешавад дар матни фармон. Афзуда шудааст, ки ин тасмим дар асоси қонун дар бораи хориҷиён ва ҳимояти байналмилалӣ гирифта шуд. Ин қарори ҳукумати Туркия аз рӯзи нашри он дар матбуот, яъне алакай аз 6 апрели соли 2024 ба иҷро медарояд.

Тартиби нави сафарҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Туркия ҳанӯз рӯшан нест, ки чӣ гуна хоҳад буд? Онҳо бояд аз қабл барои дарёфти виза ба консулгариҳои Туркия муроҷиат кунанд ваё ба тоҷикистониҳо имкони дар фурудгоҳҳои Туркия дархост кардани визаи вуруд боқӣ гузошта мешавад?

Тасмими Туркия дар мавриди бекор кардани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи силсилаи ҳамлаҳои террористии аз номи созмони террористии ДОИШ дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла дар Туркия, бо иштироки зодагони Тоҷикистон суратгирифта эълон шуд.

Моҳи январи соли 2024 дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона ба як калисои католикӣ дар шаҳри Истанбул як шаҳрванди Туркия кушта шуд. Яке аз ду ҳамлагар зодаи Тоҷикистон Амирҷон Холиқов будааст. Дар пайи ин ҳамла мақомоти Туркия тафтиши мусофирон аз Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Истанбул шадид карда буданд. Мусофирони тоҷик шикоят мекарданд, ки онҳоро бидуни чиптаи бозгашт ба Туркия роҳ намедиҳанд ва ҳатто агар чиптаи бозгашт дар даст дошта бошанд, бояд дар марз нишон бидиҳанд ва собит кунанд, ки барои муддати зиндагиашон дар Туркия бо худ маблағи кофӣ доранд.

22 марти соли 2024 чор нафари мусаллаҳ ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, пойтахти Русия ҳамла карда, мардумро тирборон карданд. Дар натиҷаи тирборон ва сӯхтори баъдӣ 144 кас кушта шуд. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла то имрӯз дастикам 17 нафар дастгир шудаанд, ки 15 нафараш, аз ҷумла 4 муттаҳами асосӣ, аз Тоҷикистонанд.

Дар ҷараёни тафтиш ҳамчунин маълум шуд, ки ду тан аз ҳамлагарон дар моҳҳои январ ва феврали соли 2024 барои муддати тӯлонӣ ба Туркия рафта будаанд. Гумон меравад, ки онҳоро барои машқ додан ба пойгоҳҳои махфии гуруҳҳои террористӣ бурдаанд.

Ҳамчунин, бино ба хабарҳо, дар асоси баёноти додаи Фаридуни Шамсиддин, ки ӯро саркардаи ҳамлагарон мешуморанд, ахиран дар гӯшаҳои гуногуни Туркия 51 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ дастгир карданд. Ҳамин тавр, дар Туркия шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Фозилҷон А. ва шарики 41-солаи ӯ аз Қирғизистон бо номи Зулфия бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дастгир шуданд.

Зодагони Тоҷикистонро дар анҷоми чандин ҳамлаи хунин дар Афғонистону Эрон низ айбдор мекунанд. Моҳи декабри соли 2023 чанд ҳодаи Тоҷикистон дар Австрия ва Олмон бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамла дар рӯзҳои иди Мавлуди Масеҳ дар калисоҳои Вена ва Кёлн ба даст афтоданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи март дар мулоқот бо ходимони дин хабар дод, ки солҳои охир дастикам 24 зодаи Тоҷикистон дар кишварҳои гуногун даст ба ҳамлаҳои террористӣ задаанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон бисёриҳо дар ташвишанд, ки қоидаҳои сафар ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистонро метавонанд дар кишварҳои дигар низ шадидтар куанд. Як мояи ҷиддии нигаронӣ сарнавишти тоҷикҳо дар Русия аст, чунки ҳар сол беш аз як миллио аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия меравад ва пулҳое, ки онҳо аз онҷо ба Ватан мефиристоданд, як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button