ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ ДУ МОШИНИ “ТОЙОТА” ВА “МЕРСЕДЕС” ВА ДУЗДИИ ДУЧАРХАИ “ЭВЕРЕСТ”
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 5 апрели соли 2024
Содир гардидани кирдори қаллобии алоқаманд бо хариди автомашина
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 54-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 15-уми ноябри соли 2023, дар ҳудуди ҳамин ноҳия марди 32-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тoйота-Кoролла»-ро ба маблағи 240 ҳазор сомонӣ, инчунин 6-уми декабри соли 2023, 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағҳои мазкурро дар муддати 2 моҳ пардохт мекунад, аммо ӯ аз ин маблағ танҳо 110 ҳазор сомониашро пардохт намуда, боқимонда маблағи 330 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Дуздии дучарха аз назди даромадгоҳи хонаи истиқоматӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 31-уми марти соли 2024, бо роҳи пинҳонӣ аз даромадгоҳи хонаи истиқоматии марди 29-солаи сокини пойтахт 1-адад дучархаи тамғаи «Эверест»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.