ХУДОРО ШУКР, БАРОДАРОН МЕҲРОБУ УМАР СИҲАТУ САЛОМАТ ЁФТ ШУДАНД!
Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон рӯзи 4 апрели соли 2024 дар гуруҳаш дар Фейсбук хабар дод, ки ду бародари ноболиғе, ки рӯзи 1 апрели соли 2024 дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе гум шуда буданд, сиҳату саломат ёфт шудаанд.
“Ба диққати шаҳрвандон мерасонем, ки ноболиғон Мухторзода Меҳроб, соли таваллудаш 2011 ва Мухторзода Умар, соли таваллудаш 2012, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари гум шудани онҳо нашр шуда буд, сиҳату саломат ёфт шуданд”, – гуфта шудааст дар хабар.
Тафсилоти дигар дода нашудааст. Маълум нест, ки акаю додарро кай, дар куҷо ва дар чӣ шароите пайдо кардаанд? Дар ин бора ҳам, ки Меҳробу Умар барои чӣ аз хонаашон баромада рафтанд ва дар тӯли ин 5 шабонарӯз онҳо дар куҷо буданд?, ягон маълумоте дода нашудааст.
Қаблан хабар омада буд, ки мақомоти милитсия чанд рӯз боз ду бародари ноболиғро, ки рӯзи 1 апрели соли 2024 дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе гум шуданд, ҷустуҷӯ доранд.
Дар хабарномае, ки бо имзои сардори ШВКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифзода Баҳром Раҳмоалӣ ба сардорони раёсатҳои корҳои дохилии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт, ҳамчунин ба сардорони шуъбаҳои милитсияи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ирсол шуда буд, гуфта мешуд, ки “ноболиғон Мухторзода Меҳроб Хуршед, санаи таваллудаш 06.08.2011, ва Мухторзода Умар Хуршед, санаи таваллудаш 07.11. 2012, сокинони ш. Душанбе, н. И.Сомонӣ, кӯчаи Маҳмадулло Холов, хонаи №34, рӯзи 01.04.2024, тахминан соатҳои 14:00, аз ҳудуди кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи И.Сомонӣ ба самти номаълум рфта, беномунишон гум шудаанд”.
Садҳо нафар аксҳои Меҳробу Умарро бо хабари гум шудаашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозашр карданд, то барои ҷустуҷӯяшон кумаке расонанд.