ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ТАВСИЯИ МАҚОМОТИ МАСКАВ БА МУСУЛМОНОН: НАМОЗИ ИДРО ДАР ХОНА ХОНЕД!

Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти шаҳри Маскав, пойтахти Русия имсол мехоҳанд баргузории намози идро дар масҷидҳои ин шаҳр мисли даврони пандемияи коронавирус маҳдуд кунанд. Аммо ин дафъа дар робита ба ҳамлаи хунини террористӣ дар толори консертҳои “Крокус”.

Телеграм-канали «Осторожо, новости!» рӯзи 3 апрели соли 2024 бо нашри нусхаи номаи департаменти сиёсати миллӣ ва равобити байниминтақавии шаҳрдории Маскав ба префектҳо хабар дод, ки ба мусулмонон дар шаҳри Маскав тавсия додаанд, ки дар рӯзи иди Рамазон “намози идро дар хона хонанд”.

 Дар нома аз префектҳо (раисони воҳидҳои маъмурии шаҳри Маскав) хоста шудааст, то мусулмононро дар арафаи иди Фитр дар бораи маҳдудиятҳои дар Маскав ҷоришуда хабардор кунанд. Аз префектҳо хоста шудааст, то тавассути корфармоён ба кормандони мусулмони онҳо бирасонанд, ки пахши мустақими намозҳо тавассути Интернет ташкил карда мешавад ва “ба диндорон тавсия дода мешавад, ки намози идро дар хона адо кунанд”.

Дар нома таъкид шудааст, ки бояд ба хабардор кардаи зодагони Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи вижа бидиҳанд.

Гуфта мешавад, ки имсол низ намози ид дар 6 нуқта: 4 масҷиди ҷомеъ ва ҳамчунин дар боғи Соколники ва Маркази навъҳои техникии варзиш доир мешавад.

Бо онки дар пойтахти Русия, бино ба оморҳои ғайрирасмӣ, то 4 миллион мусулмон ба сар мебаранд, барои онҳо танҳо 4 масҷиди ҷомеъ амал мекунанд. Солҳои охир шумораи масҷидҳои панҷвақта дар Маскав ва атрофи он босуръат афзоиш ёфта истодааст, вале шумораи масҷидҳои ҷомеъ хеле кам боқӣ мемонад ва ин боис мешавад, ки бахусус дар рӯзҳои ид масҷидҳои мавҷуда ҳамаи хоҳишмандони адои намози идро гунҷонда наметавонанд ва даҳҳо ҳазор нафар маҷбур мешаванд дар роҳҳо ҷойнамоз партофта, намози худро адо кунанд.

Намояндагони хадамоти матбуоти департаменти сиёсати миллӣ ва равобити байниминтақавии шаҳрдории Маскав дар суҳбат бо канали «Осторожно, новости!» ишора кардаанд, ки ин тавсияҳои нав ба ҳамлаи ахири террористӣ дар “Крокус” рабт дорад. Вале барои шарҳи расмии ин паҳлуи масъала аз журналистон номаи расмӣ талаб кардаанд.  «Осторожно, новости!» менависад, ки то замони чопи ин хабар ба номаи худ ҳанӯз посух нагирифта буд.

Шоми 22 марти соли 2024 чор нафари мусаллаҳ ба толори консертҳои “Крокус” дар канори Маскав ҳамла оварда, издиҳомро тирборон карданд. Дар натиҷаи тирборон ва сӯхтори бино 144 нафар кушта шуданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт. Дар робита ба ҳамлаи Красногорск дастикам 15 нафар, аз ҷумла 11 зодаи Тоҷикистон дастгир шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 4 апрел Телеграм-канали «База»  хабар дод, ки рӯзи 10 апрел, тақрибан аз соати 09:00 дар Маскав аз масҷидҳо пахши мустақими ҷараёни намози иди Фитрро ба роҳ мемонанд.

 “Ғолибан ин ба масоили амниятӣ дар пайи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” рабт дорад”, – таъкид кардааст “База” ва афзудааст, ки қаблан пахши мустақими намози иди Фитр танҳо дар давраи пандемияи коронавирус, ки масҷидҳо ба рӯи мардум баста буданд, роҳандозӣ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button