РӮЗИ ИД ДАР ТОҶИКИСТОН ДАҚИҚ ШУД: 10 АПРЕЛ ИД МЕКУНЕМ

4-уми апрели соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт) -и Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани санаи иди Рамазон баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро ба муносибати омад-омади иди саиди Фитр табрик гуфтааст.

Сипас, муфтӣ Абдуқодирзода ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ошно  сохта, зикр кардааст, ки мувофиқи ҳисоби илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол рӯзи иди саиди Рамазон дар кишвар ба рӯзи чоршанбе, 10-уми апрел рост меояд.

Инчунин, тибқи қарори Шӯрои уламо, намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ субҳи 10 апрел,  соати 06:30 муайян карда шудааст.

Дар асоси қарори мазкур, имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки таваҷҷуҳи мардумро барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон дар ин самт намунаи ибрати дигарон бошанд.

Тақрибан 97% аз беш аз 10 миллион аҳолии Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд. Тақрибан 200 ҳазор нафари онҳо, аксаран зодагони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшо, пайрави равияи исмоилияи мазҳаби шиъа мебошанд, вале аксарияти кулли мусалмонои Тоҷикистон аҳли суннат ва пайрави равияи Ҳанафия мебошанд.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, имсол ид дар аксари кишварҳо рӯзи 10 апрел таҷлил мешавад. Вале дар шаҳри Маскав, ки даҳҳо ҳазор аз муҳоҷирони тоҷик дар онҷо кору зиндагӣ мекунанд, ба мусулмонон тавсия додаанд, ки имсол намози идро дар хонаҳояшон бихонанд. Ин тавсияҳо дар пайи ҳамлаи хунини рӯзи 22 март дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав аст, ки 144 кушта ба ҷо гузошт. Масъулияти ҳамларо гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт. Дар робита ба ҳамлаи Красногорск дастикам 15 нафар дастгир шудаанд, ки ҳадди ақал 11 нафараш зодагони Тоҷикистонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button