ОҒОЗИ ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМУ МУНТАЗАМ БАЙНИ ДУШАНБЕ ВА ОСТОНА

Рӯзи 2 апрели соли 2024  нахустин парвози мустақиму мунтазам байни пойтахтҳои Тоҷикистону Қазоқистон анҷом гирифт. Телеграм-канали Кумитаи авиатсияи мулкии вазорати нақлиёти Қазоқистон хабар дод, ки дар маросими ифтитоҳи ин хатсайри ҷадиди ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” раиси ин кумита  Салтанат Томпиева иштирок кардааст.
Гуфта мешавад, ки парвозҳои  ширкати тоҷикӣ дар хатсайри Душанбе – Остона – Душанбе ҳафтае ду маротиба (рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа) бо ҳавопаймоҳои тамғаи “Боинг-737” анҷом хоҳанд шуд.
Кумитаи авиатсияи мулкии Қазоқистон оғози парвозҳо байни пойтахтҳои ду кишварро натиҷаи “идомаи корҳо барои афзоиши шумораи хатсайрҳо ва густариши ҷуғрофияи парвозҳо аз ва ба Қазоқистон” номид ва гуфт: “Ифтитоҳи ин хатсайр ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Қазоқистону Тоҷикистон дар арсаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард”.

Хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» низ қаблан хабар дода буд, ки аз 2 апрел ба парвозҳо дар хатсайри нави мустақиму мунтазам аз Душанбе ба пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона шурӯъ мекунад.

“Хатсайри нав шабакаи парвозҳои ширкатро тавсеа дода, ба рушди устувори равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон такони тоза мебахшад ва ҳамзамон барои мусофирон имкони иҷрои парвозҳои мустақимро байни пойтахтҳои ду кишвар фароҳам меорад”, – гуфта мешуд дар иттилоияи “Сомон Эйр”.

 Бино ба иттилои ширкат, нахустин парвоз аз Душанбе ба Остона санаи 2-юми апрел сурат гирифта, дар оғоз ҳафтае як маротиба, рӯзҳои сешанбе анҷом дода мешавад, вале алакай аз санаи 19-уми апрел бошад, шумораи парвозҳо аз Душанбе ба Остона то ду парвоз дар як ҳафта афзоиш ёфта, ин парвозҳо рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа анҷом дода мешаванд.

 Рӯзҳои сешанбе вақти парвоз аз Душанбе соати 16:25, аз Остона 19:50 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Рӯзҳои ҷумъа вақти парвоз аз Душанбе 09:00 ва аз Остона 12:15 ба вақти маҳаллист.

Парвозҳо дар ин масир тариқи ҳавопаймоҳои бароҳати Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд.

 Дар ҳоли ҳозир, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти Муттаҳидаи Араб Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ва ҳамчунин ба чандин шаҳри Русия анҷом медиҳад. Ин дар ҳолест, ки парки ин гона ширкати ҳавопаймоии фаъоли Тоҷикистон ҳамагӣ аз чанд ҳавопаймои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button