ВидеоСиёсатТоҷикистон

КДАМ ХАБАРИ БОЗДОШТҲО ВА ҚАСДИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ИДИ НАВРӮЗРО РАД КАРД

Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 3 апрели соли 2024 дар як изҳороти вижа хабарҳои нашршуда дар бораи боздошти шаҳрвандони бо иттиҳоми қасди анҷоми ҳамлаи террористӣ дар рӯзҳои иди Наврӯзро “носанҷида ва иғвоангез” номида, рад кард ва гуфт, “ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд”.

Дар изҳороти КДАМ, ки хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон “Ховар” нашр кард, чунин гуфта мешавад: ”Баъзе воситаҳои ахбори оммаи ба ном мустақил ба таҳрифи вазъият даст зада, ҳар гуна маълумоти носанҷида ва иғвоангезро оид ба дастгир намудани шаҳрвандон дар алоқамандӣ бо кӯшиши анҷом додани амалҳои террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз паҳн месозанд. Таъкид менамоем, ки ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд.”

Ҳанӯз ҳафтаи гузашта чанд хабаргузорӣ, аз ҷумла Ройтерс, “Азия Плюс” ва РИА Новости, бо такя ба манобеи худ дар мақомоти қудративу амниятии Тоҷикистон аз боздошти 9 сокини Ваҳдат ва 6 сокини Душанбе бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаи террористӣ дар рӯзҳои иди Наврӯз хабар доданд.  Рӯзи 2 апрели соли 2024 радиои зану шӯ Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) аз қавли як манбаъ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш хабар дод, ки дар умум бо гумони омодагӣ ба анҷоми ҳамлаи террористӣ аз ҷониби маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар арафаи иди Наврӯз ҳудуди 20 нафар аз сокинони шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва Норак дастгир шудаанд. Қаблан як манбаи дигар ба ин расона гуфта буд, ки дар байни дастгиршудагон ноболиғон низ ҳастанд.

“Қасди гурӯҳ ин будааст, ки ба ҷашни асосии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ҳамла кунанд ва то ҳадди имкон шахсони бештарро ба қатл расонанд. Ҷашни асосӣ рӯзи 24-уми март бояд баргузор мешуд, аммо барои ин ҳодиса як рӯз ба қафо партофта шуд. Баъд аз гирифтани хабар дар бораи қасди ҳамла, нерӯҳои вижаи КДАМ ва ВКД ду-се рӯз “Майдони Истиқлол”-ро зери назорат гирифтанд. Баъд аз он ки гумонбарон боздошт ва хавф бартараф шуд, ҷашнро гузаронданд,” – гуфта буд манбаи ахирӣ.

Ӯ афзуда буд, ки тафтиши парвандаро КДАМ дар ҳамоҳангӣ бо Додситонии кул пеш бурда истодааст ва муфаттишон аз ҷумла талош доранд, ки то куҷо бо омилони ҳамла ба толори “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорски Русия робита доштани дастгиршудагонро таҳқиқ кунанд.

Як рӯз қабл аз ин як манбаи РАИ Новости гуфта буд, то кунун дар мавриди иртиботи дастгиршудаҳо дар Тоҷикистон бо омилони ҳамлаи хунини рӯзи 22 март дар канори шаҳри Маскав ягон далел ба даст наомадааст, вале мақомоти амниятӣ таҳқиқи ин паҳлуи қазияро ҳамоно идома медиҳанд. Дар робита ба ҳамлаи Маскав дастикам 15 нафар дастгир шудаанд, ки дастикам 11 нафараш зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Ҷашни асосӣ бо карнавали наврӯзӣ дар Душанбе дар аввал, қарор буд, ки рӯзи 22 март доир шавад. Вале аввал ба далели обу ҳавои номусоид ин ҷашн ба рӯзи 24 март ва сипас ба 25 март қафо партофта шуд. Он вақт бархе манобеъ мегуфтанд, сабаби бори дуюм ба таъхир андохтани ҷашн шояд ин бошад, ки 24 март дар Русия ба ёди қурбониёни ҳамлаи Красногорск рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button