ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ТОҶИКҲОИ ДАР ДОҒИСТОН ДАСТГИРШУДА БО ПУЛУ СИЛОҲ ТАЪМИН КАРДАНИ ҲАМЛАГАРОНИ МАСКАВРО БА ГАРДАН ГИРИФТАНД (ВИДЕО)

Рӯзи 1 апрели соли 2024 номҳо ва нахустин видеоҳои бозпурсиҳои ду тоҷики дар ҷараёни як “амалиёти зиддитеррор” дар ҷумҳурии Доғистони Русия дастгиршуда нашр шуд.

Бино ба хабарҳо, аз 4 узви ин гуруҳи пинҳонкор 3 нафар: як зодаи худи Доғистон дар шаҳри Каспийск ва ду тоҷикистонӣ: Абдувоҳид Файзуллоеви 36-сола ва Рустам Саидзодаи 24-сола дар Махачқалъа, пойтахти Доғистон ба даст афтодаанд.

Гуфта мешавад, ки тоҷикҳо дар Махачқалъа дар хонаи мутааллиқ ба номзад ба вакилии деҳаи Моксоби ноҳияи Хасавюрт Микоил Алиҳоҷиев иҷора менишастанд ва аз хонаи онҳо як револвер, як пистолети Макаров, тирҳо ва шиноснома ба номи Мадина Назриева ёфт шудааст. Худи Назриева дар хона набудааст, вале гумон меравад, ки ӯ низ ба аъзои ин гуруҳ кумак мерасонд.

Вале мақомоти қудратӣ дастгиршудаҳоро ба ҷиноятҳои хеле сангинтар: маблағгузорӣ ва таъмини силоҳи омилони ҳамлаи рӯзи 22 март дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав ва омодагӣ ба анҷоми ҳамлаи террористӣ дар Каспийск айбдор мекунанд. Гуфта мешавад, дастгиршудагон қасд доштанд, ки билофосила дар пайи анҷоми ин ҳамла дар Каспийск тарки қаламрави Русия кунанд.

Дар видеоҳои бозпурсиҳояшон, ки ФСБ нашр кард, чеҳраҳои дастгиршудашон пӯшонда шудааст.

Бо яке аз онҳо, ки дар рӯи замин бо дастони аз пушт завлоназадааш дар рӯи замин хобонда шудааст ва сарашро як корманди мақомот боло бардоштааст, чунин суолу ҷавоб сурат гирифт:

Силоҳ дар куҷост?

Дар дасти Собир.

Бомба дар куҷост?

Дар манзили ман.

Куҷоро мехостед битарконед?

Соҳили баҳрро дар Каспийск.

Маълум нест, ки ин эътирофи гуноҳ дар чӣ шароит гирифта шудааст?, вале посухҳои зодаи Тоҷикистон аз ҳад ҳиёд буррову зоҳиран аз пеш ёддодаву азёдкардашуда менамоянд.

Боздоштшудаи дуюм, ки дар пушти миз нишаста, ҳарф мезад, тасдиқ кард, ки онҳо қасди анҷоми ҳамла дар ягон макони пуриздиҳом дар шаҳри Каспийск: ё дар боғи Ғалаба ваё дар соҳили баҳрро дар сар доштанд.

Дар инҷо мо нақшаи амали террористӣ дар соҳили баҳр дар Каспийскоро доштем. Мехостем дар байни издиҳом бомбаро битарконем “, –  баёнот дод ин нафар. Ӯ ҳамчунин эътироф кард ки ба омилони ҳамлаи  Красногорск ҳам бо пул ва ҳам бо силоҳ кумак расондааст.

Ман барои ин бачаҳое, ки ба “Крокус Сити Ҳолл” ҳамла карданд, силоҳ бурда будам. Силоҳро аз Махачқалъа то Митиши бурдам “, – гуфт ӯ дар видеои нашркардаи ФСБ.

Дар кадом шароит гирифта шудаи эътирофи гуноҳи ӯ низ рӯшан нест. Мақомоти қудратии Доғистон низ бо сохтану бофтани парвандаҳо ва бо истифода аз шиканҷа ба эътирофи гуноҳ водор кардани дастгиршудагон ном баровардаанд.

Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия (НАК) қаблан хабар дод, ки субҳи якшанбе, 31 марти соли 2024 дар ду ноҳияи шаҳри Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурии Доғистони Русия ва шаҳри бо пойтахт ҳамҷавори Каспийск “амалиёти зиддитеррористӣ” доир карданд. Ин амалиёт соати шаши субҳ оғоз ёфта, то соати 10 тӯл кашид ва бо боздошти 3 нафар бо иттиҳоми омодагӣ ба амалҳои террористӣ анҷомид.

Манбаи нашрияи русии “Коммерсант” гуфт, ки дар ҷараёни “амалиёти зиддитеррористӣ” дар Доғистон як сокини худи ин ҷумҳурӣ ва ду зодаи Тоҷикистон ба даст афтоданд.

Ба иттилои манбаи “Коммерсант”, ду зодаи Тоҷикистонро аз манзили иҷораашон дар Махачқалъа бидуни ягон муқовимат ва сару садо дастгир карданд, вале дар бинои бисёрқабатаи истиқоматӣ дар Каспийск, мақомоти қудратӣ маҷбур шудаанд, ки сокинони манзилҳои ҳамсояро кӯчонда, сипас бо силоҳҳои дудиро ба кор баранд ва шишаҳои манзили воқеъ дар қабати панҷуми биноро зада, бишикананд. Танҳо баъди ин марди зодаи Доғистон, ки дар ин хона иҷоранишин буд, таслим шудааст.

Манбаи “Коммерсант” гуфта буд, ки дастгиршудаҳо дар  Махачқалъа ва Каспийск кори сохтмон мекарданд ва ҳамчунин ба амалиётҳо бо криптовалюта машғул буданд, вале дар айни замон “дар ҷамъомадҳои тундравони динӣ низ фаъол буданд”.

Боздоштҳо дар Доғистон дар пайи ҳамлаи террористии рӯзи 22 март дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав сурат гирифт. Масъулияти он ҳамларо, ки 144 кушта ба ҷо гузошт, созмони террористии ДОИШ ба дӯш гирифт. Аз 11 нафари боздоштшуда бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи Красногорск дастикам 8 нафараш аз Тоҷикистонанд. Аз ҷумла ҳамаи он 4 нафаре, ки тафтишот омилони ҳамла мешуморад.

Дар ҷумҳурии Доғистон, бино ба омори ВКД ин ҷумҳурӣ, ҳудуди 400 шаҳрванди Тоҷикистон расман сабти ном шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button