МАРГИ ФОҶИАВИИ РАҲБАРИ ШИФОХОНАИ ШАҲРИ БОХТАР ФАРҲОД ИСОЗОДА
Фарҳод Исозода, раҳбари муассисаи “Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ” (КАТС)-и шаҳри Бохтар дар як садама дар роҳи Бохтар – Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Хуросон ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора рӯзи 31 марти соли 2024 Aбдурозиқ Азиззода дар Фейсбук хабар дод. Ӯ навишт:
“Асло намехостам чунин посте гузорам. Аммо,чӣ илоҷ, чӣ чора, ку чорагаре, чӣ мусибати сангине, чӣ пайки нохуше, чӣ тасодуфи ғайричашмдоште, аҷабу афсӯсу вою вовайло, Фарҳоди ҷон!
Оре, Фарҳод Исозода ,роҳбари муассисаи КАТС- и шаҳри Бохтар, фарзанди раиси номдор Чиллахон Исоев, бародари арҷманди Баҳодур Исозодаи муовини якуми раиси суди як ноҳияи пойтахт, дӯсту бародари қадрдони мо, эҳтиромдори кулли Хатлону Бохтари бостон, ҳангоми аз Бохтар ба Душанбе омадан, дар масири Хуросон- Душанбе садама карданду ҳалок шудаанд.
Ҷони ширинам, бародари азизам, дӯсти роҳбарам, табиби ҳама пайвандонам, Фарҳоди гиромиву қадрдонам, боварам нест, ки ин хабар рост бошад…
Дунёи бевафо.
Чизе наметавонам иншо кунам.
Фақат мегӯям, равонат осудаву макони сафари охиратат обод бошад, Фарҳодҷони азиз!”
Тафсилоти садамаи марговари табиби шинохта гуфта нашудааст. Абдурозиқ Азиззода танҳо афзудааст, ки маросими намози ҷаноза рӯзи 1 апрел дар ноҳияи Фархор баргузор мешавад.
Маркази матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон низ дар як паёми таслият дар саҳифааш дар Фейсбук навишт ки: “Роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги нобаҳангоми роҳбари муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар Фарҳод Исозода бар асари садамаи нақлиётӣ сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандонаш сабру шикебоӣ мехоҳанд.
Худованд марҳумро раҳмату мағфират ва шоистаи ҷаннат гардонад. Омин”.
Фарҳод Исозода аз хонаводаи пурнуфузи Исоевҳо аз ноҳияи Фархор буда, падараш солҳои тӯлонӣ раиси колхоз буд. Як бародари ӯ Аҳлиддин Исозода дар вазорати корҳои хориҷӣ кор мекунад ва бародари дигараш Баҳодур Исозода муовини раиси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур аст. 7 сол ҳукми зиндони журналист Далери Имомалиро дар поёни соли 2022 Баҳодур Исозода содир карда буд.
Муассисаҳои “Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ” (КАТС) дар сохтори вазорати тандурустӣ ин ҳамон поликлиникаҳои собиқанд.
Фарҳод Исозода солҳои зиёде раҳбарии КАТС-и шаҳри Бохтарро дар даст дошт ва ин муассиса соли 2021 таҳти раҳбарии ӯ беҳтарин муасссисаи тиббии вилояти Хатлон дониста шуда буд.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.