БО ҚАМЧИНУ ДОИРА ВА АКСҲОИ СӮЗАНЗАДА: БОЗДОШТИ БОЗ 12 ФОЛБИНУ ҶОДУГАР ДАР ХАТЛОН
Чунин ба назар мерасад, ки дар вилояти Хатлон як маъракаи густарда ба зидди афроде, ки зери либоси “табибони халқӣ” ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду машғуланд, ба роҳ андохта шудааст. Танҳо аз аввали моҳи март дар ин вилоят алакай беш аз 30 нафарро барои амалҳое, чун “чилбанд”, “чашмбанд”, “кӯрхат”, “тӯмор”, “таштоб”, “оби қайтарма”, “гарму хунуккунӣ” ва амсоли ин дастгир карда, ба ҷавобгарӣ кашондаанд.
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 30 марти соли 2024 аз боздошти боз 12 “фолбину ҷодугар” барои анҷоми амалҳои “хурофотӣ ва мардумфиребона” хабар дод. Милитсияи ин вилояти воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ҳафтаи гузашта аз боздошти 13 сокини навоҳии гуногуни Хатлон бо чунин иттиҳом гузориш дода буд.
Милитсия исми 12 фолбини дар ҳафтаи ҷорӣ дастгиршударо низ нашр кардааст:
- Расулова Кибриё соли таваллудаш 1976, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, кӯчаи М.Турсунзода;
- Етимова Хосият Аббосовна соли таваллудаш 1953, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ;
- Кучарова Зулхумор соли таваллудаш 1959, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён, ҷамоати деҳоти Заркамар, деҳаи Заркамар;
- Шарбатова Розиямо Бекмуродовна соли таваллудаш 1978, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Балҷувон, деҳаи Тупхона;
- Рустамова Ойдин Тошмамадовна соли таваллудаш 1979, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳун, деҳаи Ҷӯйбор;
- Абдуназарова Қурбонхол соли таваллудаш 1955, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи А.Ҷомӣ, деҳаи Яккатут;
- Мамараҳимов Асад Суярович санаи таваллудаш 03.10.1959, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷамоати деҳоти Маданият, деҳаи Янгиер;
- Одинаева Зулайхо Ғуломовна санаи таваллудаш 10.07.1988, сокини ноҳияи Ховалинг, маҳаллаи 8 Март;
- Латипова Ширмоҳ Изатуллоевна санаи таваллудаш 14.08.1963 истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, ҷамоати Балхобӣ;
- Субҳонова Нилуфар, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Кушониён, деҳаи Ваҳдат;
- Пулатов Мусо Умарович санаи таваллудаш 1948, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Темурмалик, ҷамоати деҳоти Танобчӣ, деҳаи Танобчӣ;
- Аҳмадҷонов Мухтор Маҳмадҷонович санаи таваллудаш 16.05.1957, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳун, ҷамоати деҳоти Панҷ, деҳаи Сомонӣ.
Худи дастгиршудагон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсия гуфт, зимни азназаргузаронии манзилҳои истиқоматии дастгиршудагон миқдори зиёди ашёҳои барои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ истифодашаванда, шамъу испанд, доира, тозиёна (қамчин) ҳамчунин расму суратҳои бо сӯзан сӯрохшудаи шаҳрвандон, варақпораҳо бо навиштаҷоти арабӣ, ки дар аксар ҳолат худи соҳиру фолбин маънии навиштаҷоташро намедонист, далелҳои хурофотӣ ба монанди “чилбанд”, “чашмбанд”, “кӯрхат”, “тӯмор”, “таштоб”, “оби қайтарма” ва ғайра ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.
Дар натиҷа нисбати ҳамаи дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Милитсия мегӯяд, “қисмати зиёде аз ин ашхоси мардумфиреб, ки гӯё бо олами ғайб алоқа доштаву дар гуфтугӯ бошанд, бо суханони найрангиву макромез эътимоди корафтодагонро ба худ зиёд гардонидаанд”.
Аммо милитсия ин амалҳоро қаллобӣ ва мардумфиребӣ номида, дар шароити пешрафти илми муосир ҳамчунон бовар кардани бархе аз мардум ба ин фолбину ҷодугарҳоро натиҷаи бесаводӣ, хаёлпарастӣ, ҷаҳолат ва хурофот дар ҷомеа мешуморад.
Дар Тоҷикистон аз соли 2006 фолбинӣ ва сеҳру ҷоду қонунан манъ карда шуда, барои он дар қонунгузорӣ ҷазоҳои маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Вале аксари онҳое, ки ба чунин кор машғул буданд, худро дар вазорати тандурустӣ ҳамчун “табиби халқӣ” сабти ном карда, ҳамчунон ба корашон идома медиҳанд.
Тибқи моддаи 482 КҲМ ҶТ, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, нисбат ба шахсони воқеӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин шудааст. Дар сурати дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир кардани айни кирдор ҷаримаи дуюм алакай ба андозаи аз 60 то 100 нишондиҳанда таъйин карда мешавад. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли 2024 дар ҳаҷми 72 сомонӣ муқаррар карда шудааст.