ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

БАЪДИ ҲАМЛАИ ХУНИН: ИХРОҶИ 466 МУҲОҶИР АЗ ПЕТЕРБУРГ ДАР ЗАРФИ ҲАМАГӢ 4 РӮЗ

Дар пайи ҳамлаи хунини рӯзи 22 марти соли 2024, дар байни ҳамагӣ 4 рӯз аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия 466 муҳоҷирро ихроҷ кардаанд. грантов.

Даря Лебедева, раҳбари хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 30 марти соли 2024 хабар дод, ки аз 25 то 29 март ба додгоҳҳои ин шаҳр 584 парванда оид ба поймол кардани қонунҳои муҳоҷират супурда шуд ва 515 парванда алакай баррасӣ шуда, дар умум беш аз 300 қарор дар мавриди ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия содир карда шуд.

“Қарори додгоҳҳо чунин аст: 418 вайронкунандаи қонунҳои муҳоҷират ҷарима баста шуда, ҳукми ихроҷашон низ бароварда шуд. 48 нафари дигар бояд ҷарима супурда, худашон мустақилона қаламрави Русияро тарк кунанд. Парвози мустақилона, вале зери назорати онҳо аз Русия бояд дар зарфи 5 рӯз аз замони қувваи қонунӣ гирифтани ҳукми ихроҷашон сурат бигирад”, — хабар додааст Даря Лебедева.

Сухангӯи додгоҳҳои Петербург иддао кардааст, ки гӯё додгоҳҳо ҳуқуқи муҳоҷиронро пурра риоя карданд. Вале маълум нест, ки чӣ гуна додгоҳҳое, ки дар як муддати кӯтоҳ парвандаи садҳо муҳоҷирро ҳаллу фасл карданд, имкон ёфтаанд, ки ҳуқуқи онҳоро ва боз пурра риоя кунанд?

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, додгоҳҳои Русия маъмулан муҳоҷирон “говсуд” карда, парвандаҳои онҳоро рӯякӣ ва бидуни баргузории ягон навъ муҳокимаи додгоҳӣ баррасӣ мекунанд ва як додрас метавонад дар байни ҳамагӣ чанд дақиқа ҳукми ихроҷи даҳҳо муҳоҷирро имзо кунад. Дар ин вақте, ки тақдири онҳо ҳал мешавад, худи муҳоҷирон маҷбуранд дар роҳрави додгоҳ ба тақдир сар супурда, мунтазир бишинанд, чунки онҳоро ба ҳузури додрасе, ки сарнавишташонро ҳал мекунад, ҳатто роҳ намедиҳанд.

Ихроҷи 466 муҳоҷир аз Петербург дар байни ҳамагӣ 4 рӯз дар ҳолест, ки дар тӯли тамоми соли 2023 аз ин шаҳр шҳамагӣ наздики 5 ҳазор хориҷиро ихроҷ карда, ба тақрибан 11 ҳазор хориҷии дигар убури марзи Русияро мамнӯъ карда буданд.

Дар Русия дар пайи ҳамлаи террористии рӯзи 22 марти соли 2024 дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, ки дастикам 144 кушта ба ҷо гузошт, фишорҳо болои муҳоҷирон боло гирифтааст.

Масъулияти он ҳамларо гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт. Бо гумони даст доштан дар ҳамла дастикам 11 нафар дастгир шуданд, ки дастикам 8 нафараш зодагони Тоҷикистонанд. Ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ, ки мақомоти Русия онҳоро омилони ҳамлаи хунини рӯзи 22 март мешуморанд, низ аз Тоҷикистонанд.

Дар пайи ҳамлаи 22 март, рӯзҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни Русия рейдҳои зидди муҳоҷирони зодаи Осиёи Марказӣ афзоиш ёфта, мақомот телефонҳову планшетҳои муҳоҷирон мӯшикофона тафтиш мекунанд, ки мабодо узви каналҳои марбут ба гуруҳҳои ифротӣ нашуда бошанд. Муҳоҷирон аз афзоиши бархӯрди манфӣ нисбат ба онҳо дар сатҳи маишӣ низ зиёд шикоят мекунанд. Аз ҷумла баъди ҳамлаи 22 март ҳолатҳое, ки сокинони Русия аз хидмати таксиронҳои тоҷик даст бикашанд, зиёд шуда, хабарҳое ба даст мерасанд, ки соҳибхонаҳо иҷора додани хонаҳояшон ба тоҷикҳо ва дигар зодагони Осиёи Марказиро рад мекунанд ва тоҷикҳои алакай иҷоранишинро аз хонаҳояшон берун карда истодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button