ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

“НАБОЯД ТАМОМИ ХАЛҚРО ГУНАҲКОР КАРД!” ПУШТИБОНИИ ҚАМЧИБЕК ТОШИЕВ АЗ ТОҶИКОН

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, рӯзи 30 марти соли 2024 дар як матлаб дар саҳифааш дар Фейсбук дар вокуниш ба боло рафтани ақидаву афкори зидди муҳоҷирон дар Русия дар пайи ҳамлаи террористӣ дар канори Маскав аз тоҷикҳо ҳимоят кард ва навишт, дар ҳамлаи террористии “Крокус Сити Ҳолл” гунаҳкор кардани тамоми халқи тоҷики “кори дуруст” нест, зеро “террористҳо миллат надоранд”.

 “Қирғизистон аз ончӣ, ки дар “Крокус Сити Ҳолл” рух дод, андӯҳгин аст. Террористҳо миллат надоранд ва ба хости аъзои созмонҳои террористӣ, ки ба барангехтани низоъи байни миллатҳо ва болоравии афкори зидди муҳоҷирон дар Русия дода шуда, тамоми як миллатро дар ин ҳодисаи ахир гунаҳкор кардан кори дуруст нест”, – навиштааст Тошиев дар Фейсбук.

Ӯ дар идомаи матлабаш аз мақомоти амниятии Тоҷикистон барои “муборизаи хастагинопазир” алайҳи созмонҳои террористию ифротӣ ситоиш карда, таъкид кардааст, ки созмонҳои террористӣ дидаю дониста тоҷикҳоро барои анҷоми ин ҳамла интихоб кардаанд: “Шаҳрвандони ҳар кишваре метавонанд таҳти таъсири истихдомгарон (вербовщики) қарор бигиранд, вале  намояндагони як миллатро интихоб кардани фармоишгарони ин амали террористӣ тасодуфӣ набуд”.

Бо ин вуҷуд, Тошиев изҳори умед кард, ки “талошҳои муштараке, ки мақомоти амниятии кишварҳои бародар меандешанд, ба амалӣ шудани ин мақсадҳои ҷиноятии ба ном “исломгароёни бардурӯғ” роҳ нахоҳанд дод”.

Ин матлаби Тошиев ба пуштибонӣ аз тоҷикҳо дар пайи мулоқоти ӯ бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Саймумин Ятимов дар шаҳри Бодканд нашр шуд. Тошиев ва Ятимов дар Бодканд ба ҳайси раисони ҳайъатҳои ду кишвар дар музокироти марзӣ мулоқот карданд. Дар ҷараёни музокироти Бодканд боз 28 километр аз қитъаҳои баҳсии марзи Тоҷикистону Қирғизистонро, ки мушкилтарин ва пурмуноқишатарин марз дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, муайян карданд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар ҳоле аз тоҷикҳо ҳимоят кард, ки дар Русия дар пайи ҳамлаи террористии рӯзи 22 марти соли 2024 дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, ки дастикам 144 кушта ба ҷо гузошт, ақидаву афкори зидди муҳоҷирон боло гирифтааст.

Масъулияти он ҳамларо гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт. Бо гумони даст доштан дар ҳамла дастикам 11 нафар дастгир шуданд, ки дастикам 8 нафараш зодагони Тоҷикистонанд. Ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ, ки мақомоти Русия онҳоро омилони ҳамлаи хунини рӯзи 22 март мешуморанд, низ аз Тоҷикистонанд.

Дар пайи ҳамлаи 22 март, рӯзҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни Русия рейдҳои зидди муҳоҷирони зодаи Осиёи Марказӣ афзоиш ёфта, алакай даҳҳо муҳоҷирро аз Русия ихроҷ карданд. Ҳамин тавр, даҳҳо шаҳрванди Қирғизистонро дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав ба қаламрави Русия роҳ надода, ба Қирғизистон бозпас фиристоданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button